Як зан, сокини вилояти Суғд ба гумони даст доштан дар ҷалби одамон барои истисмор боздошт шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд хабар доданд, чанде қабл кормандони Раёсат як зани 35-сола, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров С.Д.-ро ба ин гумон боздошт намудаанд.
«Рӯзи 8-уми сентябр дар фурудгоҳи Душанбе ба ду нафар занони синнусоли 20 ва 22-сола, сокинони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба парвоз ба шаҳри Дубай иҷоза нашуда, муайян карда шуд, ки боздоштшуда С.Д. бо мақсади истимори шаҳвонӣ онҳоро ба хориҷи кишвар бурданӣ будааст», – гуфтанд дар Раёсат.
Зимнан зикр гардид, ки нисбати боздоштшуда мутобиқи моддаи 132, қ 3-и КҶ ҶТ (Ҷалби одамон барои истисмор) парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.


