Зимни анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон раиси ин ҳизб Муҳиддин Кабирӣ изҳор намуд, ки номзад ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова, на бозёфти ҲНИТ ва пешвои он Кабирӣ, балки бозёфти Саид Абдуллоҳи Нурӣ аст.
Ба гуфтаи ӯ, устоди марҳум хоҳони он буданд, ки Бобоназарова муовини прокурори генералӣ шавад, аммо ӯ рад мекард ва мегуфт, ки «ӯ ҳамеша адвокат ва ҳомии ҳуқуқ аст».
Дар ҳамин ҳол, Кабирӣ иброз дошт, ки аз номзадии Бобоназарова пуштибонӣ мекунад ва ба аъзои ҳизб низ тавсия дод, ки ӯро дастгирӣ намоянд. «Шумо ба мо роҳбарии ҳизбро бовар кардед ва мо ба шумо эътимод дорем, аз ин рӯ, мо бояд ба тасмимҳои ҳамдигар боварӣ дошта бошем. Дастгирии номзадии зан ба як ҳизби исломӣ осон нест, вале дар ҷомеаи консервативӣ (кӯҳнапарастона)-и кунунӣ мо огоҳона сари чунин интихоб расидем», – иброз дошт Кабирӣ.
Ба қавли Кабирӣ, имрӯз ҳама мегӯянд, ки Бобоназарова шахси Кабирӣ ва ҲНИТ аст, вале ба ҷонибдории ӯ овоз додани ҳамаи аъзои Эътилофро ҳама шоҳиданд, танҳо ҲНИТ ба тасмимгирӣ шитоб надошт. «Бобоназарова номзади ягона шуданӣ набуд, зеро ҲНИТ аз ӯ ҷонибдорӣ намекард. Вале ҲНИТ натанҳо аз пешвои ӯ иборат аст, аз ин рӯ, мо ба хулоса расидем, ки аз ИНИТ Бобоназарова номзади ягона интихоб шавад», – идома дод ӯ.
Ҳамчунин ӯ зикр кард, ки тибқи мувофиқа дар Эътилоф, ҳамаи аъзои Эътилоф шахси бовариноки номзади ягона аз ИНИТ мешаванд. Дар кори анҷмани пешазинтихоботии ҲНИТ намояндагони КМИР, дипломатҳо ва вакилони ҳизб аз бахшҳои минтақавӣ иштирок доранд.



