Ҳаҷми муомилоти моли хориҷӣ беш аз 3,4 млрд. $ дар 8 моҳ

Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон беш аз 3,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6% ё худ 181,6 млн. доллари ИМА бештар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,8 млрд. […]


Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар моҳҳои январ-августи соли равон беш аз 3,4 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба андозаи 5,6% ё худ 181,6 млн. доллари ИМА бештар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, тавозуни савдо дар ин давра манфӣ ва муодили зиёда аз 1,8 млрд. доллари ИМА шудааст. Дар ин давра Тоҷикистон бо 96 кишвари дунё, аз ҷумла 10 кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 86 кишвари хориҷи дур муомилоти молӣ анҷом додааст.

Дар моҳҳои январ-августи соли ҷорӣ ҳаҷми содироти мол 813,3 млн. $-ро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи моҳҳои соли гузашта 6,3%  ё худ 54,6 млн. $ камтар мебошад. Дар ин давра ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми ҳудуди 2 млрд. 602 млн. $ маҳсулот ворид гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба андозаи 10% ё худ 236,2 млн. $ зиёдтар аст.

Шарики асосии Тоҷикистон дар муомилоти мол дар ин давра Русия буда, ҳаҷми муомилоти моли хориҷии кишвар бо он ба аввали моҳи сентябр зиёда аз 633 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Дар ин давра ҳаҷми муомилоти моли Тоҷикистон бо Туркия – беш аз 443 млн. $, Қазоқистон – ҳудуди 423 млн. $, Чин – каме бештар аз 415 млн. $ ва Эрон – беш аз 210 млн. $-ро ташкил дод.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".