Ба вакилон бештар аз маош, нафақа ва қитъаи замин шикоят мекунанд


Дар ҷараёни вохӯрии вакилони палатаи поёнии парлумон бо интихобкунандагон мардум бештар аз мушкилоти музди меҳнат, нафақаву кӯмакпулӣ ва ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил шикоят мекунанд.

Котиби матбуоти палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни вохӯриҳои вакилон бо мардум дар вилояти Хатлон оид ба аз 1-уми сентябр афзудани музди меҳнати кормандони буҷет ва ҳаҷми нафақаву кӯмакпулиҳо саволҳои зиёд пешниҳод мешаванд. «Аксари омӯзгорону нафақахӯрон то кадом андоза зиёд шудани ҳаҷми маош ва нафақаашонро намефаҳманд», – гуфт ӯ.

Дар идома ӯ таъкид дошт, ки оид ба ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони манзил низ интихобкунандагон хеле зиёд ба вакилон муроҷиат менамоянд.

«Аз рӯи натиҷаҳои вохӯриҳо бо интихобкунадагон палатаи поёнии парлумон барои ҳукумати кишвар маълумотнома омода хоҳад кард, ки дар он мушкилоти асосӣ дар маҳалҳо инъикос хоҳанд гардид. Ғайр аз ин, дар сатҳи ҳукуматҳои маҳаллӣ вакилон баҳри ҳалли имконпазири ин ё он мушкилоти интихобкунандагон кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», – афзуд котиби матбуотии парлумон.

spot_imgspot_img

Популярное