Беш аз 54 млн. $ кӯмаки башардӯстона ба Тоҷикистон дар 8 моҳ


Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Тоҷикистон ба маблағи 54,6 млн. $ кӯмаки башардӯстона ворид гардид.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҷумҳурӣ, дар байни кишварҳои мададрасон вазни нисбатан хос аз рӯи арзиш ба ИМА – 64,6%, Русия – 11,3%, Нидерланд – 3,2%, АМА – 2,7%, Дания – 2,3%, Австрия – 1,8%, Ҷумҳурии Корея – 1,3%, Британияи Кабир – 1,2%, Оломн – 1,1%, Эрон ва Ҳиндустон – 0,9%-ӣ, Латвия – 0,8%, Украина – 0,7%, Қазоқистон – 0,6%, Фаронса – 0,5%, Покистон – 0,4%, Туркия, Исроил, Афғонистон, Испания, Малайзия – 0,2%-ӣ рост меояд.

spot_imgspot_img

Популярное