Раиси ҲДТ номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шуд, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) бо номзади худ ширкат хоҳад варзид. Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии ҲДТ раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов ба аксару кулли овозҳои вакилон номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Ба ҷонибдории Исмонов 45 вакили анҷуман овоз дода, се нафар […]


Дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон, ки ба санаи 6-уми ноябри соли равон таъин шуд, Ҳизби демократии Тоҷикистон (ҲДТ) бо номзади худ ширкат хоҳад варзид.

Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии ҲДТ раиси ҳизб Саидҷаъфар Исмонов ба аксару кулли овозҳои вакилон номзад ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуд. Ба ҷонибдории Исмонов 45 вакили анҷуман овоз дода, се нафар бетараф ва як нафар «мухолиф» буданд.

Қобили зикр аст, ки Ҳизби демократии Тоҷикистон соли 1991 таъсис ёфта, имрӯз дар сафҳояш ҳудуди 8 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварро муттаҳид мекунад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".