Академик Бухориев номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд

Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қарор шуд, ки ҳизб бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президентӣ ширкат меварзад. Яке аз фаъолони ҲАТ, ноиби президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, доктори илм, академик Толиббек Бухориев номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд. Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳудуди […]


Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби аграрии Тоҷикистон (ҲАТ) қарор шуд, ки ҳизб бо номзади худ дар маъракаи интихоботи президентӣ ширкат меварзад.

Яке аз фаъолони ҲАТ, ноиби президенти Академияи улуми кишоварзии Тоҷикистон, доктори илм, академик Толиббек Бухориев номзади Ҳизби аграрии Тоҷикистон ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

Қобили зикр аст, ки айни замон Ҳизби аграрии Тоҷикистон ҳудуди 30 ҳазор нафар аъзо дошта, раҳбари ҳизб, академик, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Амир Қарақулов умедвор аст, ки аксарияти аҳолии Тоҷикистон ҳизби ӯро дастгирӣ хоҳанд кард, зеро 80%-и аҳолии ҷумҳурӣ мустақиман ё ба ҳар гунаи дигаре ба бахши аграрии иқтисод муносибат доранд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби аграрии Тоҷикистон соли 1995 таъсис ёфта, айни замон ду нафар аъзои он вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ мебошанд. Узви ҳизб, раиси ноҳияи Восеъ Рустам Латифов аъзои палатаи болоии парлумон мебошад.

Ҳамчунин мавриди зикр аст, ки дар интихоботи президентии соли 2006 раиси ҲАТ Қарақулов ҳарифи президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон буда, он замон ӯ ҳудуди 6%-и раъй ва Э.Раҳмон ҳудуди 80%-и овозҳои интихобкунандагонро ба даст оварда буданд.

Ҳамин тариқ, айни замон се нафар – Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) ба сифати номзадҳо ба мансаби президенти Тоҷикистон пешбарӣ шуданд. Интихоботи президенти Тоҷикистон рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".