Дар анҷумани ҲНИТ аз номзадии Бобоназарова ҷонибдорӣ шуд

Дар анҷумани имрӯзаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор шуд, ки аз номзади ягонаи пешбаришуда аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова ҷонибдорӣ карда шавад. Ҳамагӣ чор номзад, аз ҷумла се ғайриҳизбӣ – Ойниҳол Бобоназарова, Маҳмудҷон Қосимов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зарафо Раҳмонӣ пешниҳод гардида, вале ба ҷуз Бобоназарова, дигар ҳама ба манфиати номзади […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои asia+


Дар анҷумани имрӯзаи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон қарор шуд, ки аз номзади ягонаи пешбаришуда аз ҷониби Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) Ойниҳол Бобоназарова ҷонибдорӣ карда шавад.

Ҳамагӣ чор номзад, аз ҷумла се ғайриҳизбӣ – Ойниҳол Бобоназарова, Маҳмудҷон Қосимов, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода ва Зарафо Раҳмонӣ пешниҳод гардида, вале ба ҷуз Бобоназарова, дигар ҳама ба манфиати номзади ягона аз ИНИТ номзадии худро бозпас гирифтанд.

Номзадии ӯ бо аксари овозҳо ҷонибдорӣ шуд. Танҳо се нафар мухолифи номзадии ӯ овоз дода, ду нафар бетарафиро ихтиёр намуданд.

Узви Шӯрои сиёсии ҲНИТ Зарафо Раҳмонӣ изҳор намуд, ки ӯ аз аввалинҳое мебошад, ки дар ҷаласаи муштарак ба ҷонибдории Бобоназарова раъй додааст. «Бо истифода аз боварии шумо, аз даъват карданиам, ки атрофи Бобоназарова муттаҳид шавед», – зикр кард ӯ.

Худи Бобоназарова зикр кард, ки пешбарии номзадиаш ба мансаби президентӣ барои ӯ як масъулияти бузургест. «Соли 1993 маро гӯё барои кӯшиши табаддулоти давлатӣ ба ҳабс гирифтанд. Маро ба зиндагӣ дар хориҷи кишвар даъват мекарданд. Ҳангоме ки рафтани ноболиғон ба масҷидро манъ карданд, чаро касе ба ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо барнахост, ба ҷуз як зани берӯймол? Ман ният дорам, ки пешниҳодҳои шуморо амалӣ созам ва агар ба амалисозии ҳамаи он фурсат наёбам, пеш аз муҳлат меравам. Тафовут миёни ману Раҳмон дар он аст, ки тӯли 21 сол ӯ сари мансаб буд ва агар ҳамасола ҳадди ақал 1%-и шаҳрвандон аз ҳукумати вақт норозӣ буданд, пас ин 21%-и овозҳо аз они ман мешаванд. Имрӯз ҳама мегӯянд, ки мо бо ҳукумат ҳамфикрем, аммо шумо иштибоҳ мекунед. Тӯли ин солҳо ягон нафаре аз ҳукумат маро ҳамчун ҳомии ҳуқуқ ба муколама даъват накард, ҳарчанд мансабдорони бисёр кишварҳои хориҷӣ ба вохӯриҳо бо ман манфиатдоранд», – иброз дошт Бобоназарова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".