Дар гузориши «Мониторинг ва огоҳии барвақтӣ дар Тоҷикистон» зикр мегардад, ки аз оғози соли равон ба Тоҷикистон ҳудуди 135 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шудааст. Ин гузориш ҳар моҳ аз ҷониби Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ дар чаҳорчӯби лоиҳаи Барномаи рушди СММ омода мегардад.
Гуфта мешавад, дар муқоиса бо тамоми ҳаҷми гази моеъи соли гузашта воридшуда ба Тоҷикистон ин нишондиҳанда ба миқдори 53,3 ҳазор тонна бештар аст. Тамоми муддати соли гузашта ба Тоҷикистон 81,2 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардида буд.
Дар гузориш зикр мегардад, ки моҳи августи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ беш аз 23,3 ҳазор тонна гази моеъ ворид гардидааст, ки нисбат ба ҳаҷми моҳи июли ҳамин сол тақрибан 2,8 ҳазор тонна зиёдтар аст.
Миқдори аз ҳама зиёди воридоти гази моеъ ба моҳи март (беш аз 32 ҳазор тонна) рост меояд ва ин ҳам дар ҳолест, ки тайи ду моҳи аввали соли ҷорӣ ҳамагӣ 9,7 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ ворид гардида буд.
Зимнан зикр мегардад, ки айни замон ба ҷумҳурӣ гази моеъ тариқи роҳи оҳану автомобилгард асосан аз Қазоқистон ворид карда мешавад. Таъкид мегардад, ки бинобар сабаби гаронии бензин, ҳоли ҳозир беш аз 40%-и нақлиёти автомобилии кишвар ба истифодаи гази моеъ ба сифати сӯзишворӣ гузаштаанд.



