Нашри 25 номгӯйи китоб барои кӯдакони тоҷик аз ҷониби Бунёди Оғо Хон

Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон барои кӯдакони синнусоли томактабии Тоҷикистон бо теъдоди 34 ҳазору 850 нусха 25 номгӯи китоб ба нашр расонид. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар таҳияи ин китобҳои дар Туркия нашршуда 10 нафар шоирону нависандагон ва 7 нафар рассомони кишвар саҳм гирифтанд. Китобҳо тақриз ва […]


Барномаи маорифи Бунёди Оғо Хон барои кӯдакони синнусоли томактабии Тоҷикистон бо теъдоди 34 ҳазору 850 нусха 25 номгӯи китоб ба нашр расонид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон хабар доданд, дар таҳияи ин китобҳои дар Туркия нашршуда 10 нафар шоирону нависандагон ва 7 нафар рассомони кишвар саҳм гирифтанд. Китобҳо тақриз ва аз ҷониби мутахассисони Вазорати маориф ва Академияи улуми педагогии ҶТ тавсия дода шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, китобҳо дар доираи лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон», ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба рушди байнулмилалӣ (USAID) маблағгузорӣ мешавад, таҳия ва чоп шудаанд.

Ба қавли менеҷери барномаи маорифи Бунёди Оғохон Зулобӣ Мамдфозилов, барои шоирону навсиандагоне, ки дар таҳияи ин китобҳо саҳм гирифтанд, Бунёди Оғо Хон дар Тоҷикистон пешакӣ оид ба рушди қобилияту малака дар омодасозии маводҳо барои хониш ва китобҳо барои кӯдакони синнусоли томактабӣ ва синнусоли барвақти мактабӣ як семинари омӯзишӣ доир намуд. «Ба семинар мураббии хориҷӣ ва бо мақсади табодули таҷриба нависандагони Қирғизистон даъват шуданд, ки дар амалисозии чунин лоиҳа таҷриба доранд», – иброз дошт ӯ.

Китобҳои мазкур дар ҳашт ноҳияи вилояти Хатлон ва се ноҳияи ВМКБ, ки лоиҳа амалӣ шуда, дастрасии волидони кӯдакони синнусоли томактабиро ба нашрияи хушсифат тақвият мебахшад, паҳн карда хоҳад шуд.

Мамадфозилов ҳамчунин изҳор намуд, ки нашриёти «Истиқбол» ин китобҳоро дубора ба чоп мерасонад, зеро он барои устувории амалисозии лоиҳа ва тавсеъаи дастрасии кӯдакони тамоми манотиқи Тоҷикистон ба китобҳои тозанашр хеле муҳим мебошад.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Мутолиа барои кӯдакон дар Тоҷикистон» бо дастгирии Вазорати маориф, Академияи улуми педагогии ҶТ ва ҳамчунин Донишкадаҳои такмили ихтисоси омӯзгорони ВМКБ ва вилояти Хатлон мавриди амалишавӣ қарор дорад. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".