Мусоидати ЮНИСЕФ ба ҳифзи кӯдакон зимни ҳолатҳои фавқулода

Аз 17 то 19 сентябр дар Душанбе роҷеъ ба ҳифзи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода ва расонидани ёрии равонӣ-иҷтимоӣ тренинги серӯза баргузор мегардад. Омӯзиши мазкур аз тарафи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон омода карда шудааст. Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, мутахассисон аз Шӯрои даниягӣ оид ба гӯрезагон ва Донишгоҳи […]


Аз 17 то 19 сентябр дар Душанбе роҷеъ ба ҳифзи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода ва расонидани ёрии равонӣ-иҷтимоӣ тренинги серӯза баргузор мегардад. Омӯзиши мазкур аз тарафи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) ва Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон омода карда шудааст.

Тавре аз намояндагии ЮНИСЕФ дар ҶТ хабар доданд, мутахассисон аз Шӯрои даниягӣ оид ба гӯрезагон ва Донишгоҳи милли Тоҷикистон қисмати фаннии ин тренингро ба ӯҳда доранд. Дар ин омӯзиш намояндагони муассисаҳои миллӣ ва давлатӣ, аз ҷумла Кумита оид ба ҳолатҳои фавқуллода ва Комисияи ҳуқуқи кӯдак, ҳамчунин намояндагони Ҳукумати шаҳри Душанбе ва ҷомеаи шаҳрвандии матбут ба ҳалли масоили ҳолатҳои фавқуллода иштирок мекунанд.

Бо назардошти осебпазирии хоссаи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода, мақсади ин омӯзиш ба эҷоди зарфияти шарикони давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ҳимояи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода, аз ҷумла таъмини хадамоти равонӣ-иҷтимоӣ барои кӯдакон бахшида шудааст. Иштирокчиёни тренинг ҳамчунин бо нақшаи эҳтимолӣ ва дар доираи он бо механизми барои ҳолатҳои фавқуллода зарурӣ шинос мегарданд, ки он барои тасвиби минбаъда дар сатҳи миллӣ равона шудааст.

Дар давоми ду ҳафтаи охир, давраи чунин омӯзишҳо дар Кӯлоб бо иштироки намояндагон аз Қурғонтеппа, Кулоб ва ВМБК, инчунин дар Хуҷанд бо иштироки намояндагони вилояти Суғд баргузор гардид.

ЮНИСЕФ дар якҷоягӣ бо Ҷамъияти Салиби Сурхи Тоҷикистон дар доираи нақшаи тасдиқшудаи корӣ барои солҳои 2012-2013, ки байни ЮНИСЕФ ва Комисияи ҳуқуқи кӯдак дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи мустаҳкам намудани системаи ҳифзи кӯдакон дар ҳолатҳои фавқуллода ба имзо расидааст, ҳамкорӣ менамояд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".