Сарбанд: Таҷлили Рӯзи байнулмилалии саводнокӣ дар ҳамдастӣ бо сафорати ИМА

Муовини сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Бёрҷесс бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Сарбанд Қарахон Чиллаев, кормандони соҳаи маорифи ноҳия, омӯзгорону волидон ва толибилмон дар мактаби миёнаи № 4 ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон 47-умин солгарди Рӯзи байналмилалии саводнокиро таҷлил намуд.  Саводнокӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, бунёде барои омӯзиши якумрӣ ва сифати зиндагии беҳтар мaҳсуб мешавад. […]


Муовини сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Роберт Бёрҷесс бо ҳамроҳии Раиси ноҳияи Сарбанд Қарахон Чиллаев, кормандони соҳаи маорифи ноҳия, омӯзгорону волидон ва толибилмон дар мактаби миёнаи № 4 ноҳияи Сарбанди вилояти Хатлон 47-умин солгарди Рӯзи байналмилалии саводнокиро таҷлил намуд. 

Саводнокӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон буда, бунёде барои омӯзиши якумрӣ ва сифати зиндагии беҳтар мaҳсуб мешавад. Соли ҷорӣ Рӯзи байналмилалии саводнокӣ ба «саводнокӣ барои асри 21-ум» бахшида шуда, зарурият ва мавҷуд будани ниёзмандиро ба инкишоф додани малакаҳои аввалияи саводнокӣ барои ҳамагон таъкид мекунад. Дар тамоми мамолики ҷаҳон, ба шумули ИМА нигаронӣ аз коҳиш ёфтани малакаи хониш сол ба сол зиёдтар мегардад. Тибқи омори ЮНЕСКО қариб 774 миллион калонсолон малакаҳои одии саводнокиро соҳиб нестанд. Ҳар нафари панҷуми калонсол дар ҷаҳон савод надорад ва аз се ду ҳиссаи онҳоро занон ташкил медиҳанд. Қариб 75 миллион кӯдакон берун аз мактабанд ва қисмати аз ин зиёдтар ба таври ғайримураттаб ба дарс мераванд ва ё умуман таҳсилро тарк мекунанд. Бо дарназардошти кушишҳои байналмилалӣ барои рушди маориф ва тамаркуз бар инкишофи малакаи хониш, саводнокӣ як сабабе барои таҷлил ва гиромидошти ин рӯз аст.

Муовини сафир Бёрҷесс дар маросими ҷашнгирӣ чунин иброз намуд: «Зиёда аз даҳ сол ҳукумати ИМА шарики фаъоли ҳукумати Тоҷикистон аст ва ба ҳукумат дар ростои омӯзондани ҷавонон ва ба талаботи бозори меҳнат наздик овардани таҳсилоти онҳо кӯмак менамояд. Дар якҷоягӣ мо итминон ҳосил мекунем, ки тамоми кӯдакон аз тариқи барномаҳои мо оид ба саводнокӣ дар кори хониш ба дастовардҳои хуб ноил мегарданд. Волидон ва ҷомеа дар раванди таҳсили фарзандонашон ба таври мудовим кӯмак мекунанд ва нақши онҳо дар раванди таҳсил як нақши калидӣ аст»

Ба шарафи Рӯзи байналмилалии саводнокӣ ҳукумати ИМА ба китобхонаи мактаб зиёда аз 125 китоб ҳадя намуд. Ин китобҳои тозанашр аз ҷониби шоирону нависандагон ва рассомони Тоҷикистон таҳия шудаанд. Дар доираи лоиҳаи USAID  Хониши хонаводагӣ барои кӯдакон ки аз ҷониби Фонди Оғохон дар Тоҷикистон амалӣ гардида истодааст, иловатан 300 китоб тақдим намуд.    

Рӯзи байналмилалии саводнокӣ ба мо имкон медиҳад, ки кӯшишҳои муштараки худро дар самти пешбурди саводнокӣ ва таъкиди содиқ будани худро барои дастрас намудани таҳсилот барои ҳамагон таҷдид намоем. «Ҳамаи мо медонем, ки саводнокӣ ба беҳдошти саломатии оилаҳо таъсири мусбат расонда, ба одамон имкон медиҳад, ки аз тариқи дарёфти ягон кор сифати зиндагии худро беҳтар намоянд. Ин бошад дар рушди иқтисодии минтақа ва мамлакат саҳмгузорӣ менамояд», – қайд намуд Раиси ноҳияи Сарбанд Қарахон Чиллаев. 

Лоиҳаҳои Хониши хонаводагӣ барои кӯдакон як лоиҳа аз шумори лоиҳаҳои бисёрест, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути барномаи USAID мавриди баҳрабардории мардуми Тоҷикистон қарор гирифтаанд. Аз соли 1992 то ба ҳол мардуми Амрико маблағи зиёда аз 1 миллиард доллари амрикоиро барои кӯмаки башардустона ва дастгирии барномаҳои тандурустӣ, маориф ва рушди иқтисодӣ ихтисос додааст. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".