У.Қувватов: Дар ҳама гуна ҳолат маро истирдод намекунанд


Ҳимоятгари пешвои ҳаракати сиёсии «Гурӯҳи 24» имрӯз иттилое интишор намуд, ки дар он Умаралӣ Қувватов изҳор мекунад, ки дар ҳама гуна ҳолат суди Дубай ба истирдоди ӯ даст нахоҳад зад.

Ӯ ҳамчунин зикр мекунад, ки то интихоботи президентӣ дар тавқифгоҳи муваққатӣ нигоҳ доштанаш тибқи маълумоти қаблӣ, ҳанӯз маълум нест, вале аз эҳтимол дур намедонад, ки ин «номаълумӣ» бо будубоши муваққатии ӯ дар тавқифгоҳ, маҳз ба бозиҳои сиёсӣ марбут аст. «Дар ҳар ҳолат, маро ин ҷо аллакай муддати 2 моҳ ғайриқонунӣ нигоҳ медоранд. Шояд пагоҳ, щояд баъди панҷ ё даҳ рӯз маро озод кунанд. Дар ҳама гуна ҳолат маро озод хоҳанд кард», – мутмаин аст Қувватов.

Дар ҳамин ҳол, зимни мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоягари боздоштшуда Николай Николаев эътимоди Қувватов ба озод шуданашро бо он шарҳ дод, ки айни замон масъалаи паноҳгоҳи сиёсӣ додан ба Қувватов мавриди ҳаллу фасл қарор дорад ва яке аз кишварҳои омода ба додани паноҳгоҳ Маҷористон (Венгрия)-ро номбар кард.

«Ба ҳар ҳол, ман бояд эҳтиёткор бошам. Мо мудом таъкид месозем, ки ҳуҷҷатҳоро интизор шудан зарур аст. Ҳамеша худбовар набояд буд. Миёни кишварҳо мувофиқаҳо нисбатан хеле зиёдтаранд, ки назди хатарҳои сиёсӣ дар шакли як истирдод ва нафари мушаххас метавонанд афзалтар бошанд», – гуфт Николаев.


Аввали ҳамин ҳафта

Николай Николаев изҳор намуда буд, ки ҳукуматдорони Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) истирдоди ӯро ба Тоҷикистон рад карда, ҳуҷҷатҳои инкоркунандаи ин далелро онҳо дар даст надоранд.

Дар ҳамин ҳол, ахири моҳи август як манбаъи огаҳ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буд, ки масъалаи истирдоди роҳбари «Гурӯҳи 24» Умаралӣ Қувватов метавонад муддати як ҳафта ҳаллу фасл шавад.

Ёдрас мекунем, ки Қувватов ахири моҳи декабри соли 2012  бо дархости ҳукуматдорони тоҷик дар Дубай боздошт шуд. Ба Аморати Муттаҳидаи Араб ӯ Аз Маскав омада, ният дошт, ки минбаъд сафарашро ба шаҳри Брюссел идома бидиҳад.

Санаи 10-уми марти соли ҷорӣ ҳукуматдорони АМА дархости Душанбеи расмӣ оид ба истирдоди мухолифи тоҷикро рад намуданд. Аллакай рӯзи 14-уми апрел бошад, суд оид ба ватан истирдод шудани пешвои ҳаракати мухолифи «Гурӯҳи-24» қарор содир намуд. Пас аз ин адвокат аз болои қарори суд шикояти кассатсионӣ пешниҳод намуд, ки он санаи 18-уми баррасӣ шуд. Аммо то имрӯз мақомоти расмӣ дар бораи чӣ гуна қарор қабул шудан нисбати Қувватов аз ҷониби суди Дубай маълумот намедиҳанд.

spot_imgspot_img

Популярное