Афзоиши интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон дар моҳи август

Моҳи августи соли равон ҳудуди 162 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи июли ҳамин сол 3,5% зиёдтар аст. Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,5%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи август (1 млрд. 545 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад. Дар зарфи […]


Моҳи августи соли равон ҳудуди 162 млн. кВт/соат нерӯи барқи истеҳсолшуда дар Тоҷикистон ба Афғонистон интиқол дода шуд, ки нисбат ба моҳи июли ҳамин сол 3,5% зиёдтар аст.

Бино ба маълумоти ШСХК «Барқи тоҷик», ин миқдор 10,5%-и ҳаҷми умумии барқи истеҳсолшуда дар кишвар дар моҳи август (1 млрд. 545 млн. кВт/соат)-ро ташкил медиҳад.

Дар зарфи 8 моҳи соли равон ба Афғонистон дар маҷмӯъ 600 млн. кВт/соат нерӯи барқи Тоҷикистон содирот шудаааст.

Дар муқоиса бо моҳи июл бошад, истеҳсоли нерӯи барқ ба андозаи 2% камтар шуда, моҳи август ба ҳисоби миёна шабонарӯзӣ ҳудуди 49,8 млн. кВт/соат нерӯи барқ тавлид гардидааст. Нишондиҳандаи шабонарӯзии истеҳсол дар моҳи июл ба ҳисоби миёна 50,8 млн. кВт/соатро ташкил дода буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи август истифодаи барқ дар саросари кишвар ба беш аз 1 млрд. 378 млн. кВт/соат расидааст, ки нисбат ба моҳи июл қариб 2,8% камтар мебошад.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», ахири моҳи август сатҳи оби обанбори Норак ба 910,39 метр аз сатҳи баҳр расидааст, ки нисбат ба моҳи июл 7,13 метр ва ҳамин давраи соли гузашта 0,30 метр баландтар аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.