Анҷоми фаъолияти дипломатии сафири Туркманистон дар Тоҷикистон

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бо сабаби анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору […]

ASIA-Plus


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин Сафири фавқулодда ва мухтори Туркманистон дар Тоҷикистон Чинор Рустамоваро бо сабаби анҷом ёфтани фаъолияти дипломатиаш дар ҷумҳурии мо ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти пурсамари дипломати туркман дар Тоҷикистон баҳои баланд дода, ба ӯ дар кору зиндагии ояндааш барору комёбӣ таманно намуд.

Чинор Рустамова аз таассуроти накӯи худ аз Тоҷикистон ва муносиботи роҳбарияту мардуми кишвар ёдовар шуда, изҳор дошт, ки минбаъд низ барои таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Туркманистон ҷаҳду талоши худро идома хоҳад дод.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.