Таваҷҷуҳи ширкатҳои Италия ба иқтисоди Тоҷикистон

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) ҷаноби Рикардо Манара масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов ба сафир оид ба самтҳои фаъолияти Кумита, фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои […]


Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири Италия дар Тоҷикистон (қароргоҳ дар Тошканд) ҷаноби Рикардо Манара масоили рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ баррасӣ шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, Давлаталӣ Саидов ба сафир оид ба самтҳои фаъолияти Кумита, фазои сармоягузории Тоҷикистон, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди ҷумҳурӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҷаноби Рикардо Манара таъкид дошт, ки мақсади ташрифи ӯ ба Тоҷикистон густариш ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Италия буда, дар ин ҷода сафири Италия ҳавасмандии ширкатҳои италиявиро ҷиҳати пешбурди фаъолияти сармоягузорӣ дар Тоҷикистон изҳор кард.

Зимни вохӯрӣ тарафҳо имкониятҳои вусъат додани ҳамкориҳо миёни Италия ва Тоҷикистон, масъалаи имконияти сармоягузории ширкатҳои давлати мазкур ба соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти Тоҷикистон, аз ҷумла ба соҳаҳои коркарди нахи пахта ва мева, ки дар он ширкатҳои италиявӣ таҷрибаи ғанӣ доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин ҷонибҳо ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо баҳри ҷалби сармоягузории ширкатҳои итолиёвӣ ба иқтисоди Тоҷикистон тавофуқ ҳосил намуданд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар зарфи 9 моҳи соли равон ҳаҷми муомиолоти мол миёни Тоҷикистону Италия 16,5 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта қариб 30% камтар аст. Моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба Италия ба маблағи беш аз 11,3 млн. доллари ИМА маҳсулот содирот шуда, маблағи умумии маҳсулоти воридотӣ аз Италия ба Тоҷикистон дар ин давра ба 5,2 млн. доллари ИМА баробар шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.