Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ баррасӣ шуд

Семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» рӯзҳои 17-18 сентябр дар Душанбе баргузор шуд. Ҳамоиши мазкурро Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ созмон доданд. Ин ҷаласа ҳамчун форуми кушода ба таҳлили фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамкории ӯ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурд ва […]


Семинар барои намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон бо ҷомеаи шаҳрвандӣ» рӯзҳои 17-18 сентябр дар Душанбе баргузор шуд.

Ҳамоиши мазкурро Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Ҳукумати ҶТ созмон доданд. Ин ҷаласа ҳамчун форуми кушода ба таҳлили фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва ҳамкории ӯ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон равона гардид.

Нишасти дурӯза беш аз 50 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз саросари кишвар, Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва қабулгоҳҳои ҷамъиятии ӯ дар минтақаҳо, созмонҳои байнулмилалӣ ва ҳайати дипломатиро гирди ҳам овард. Дар семинар инчунин коршиносони созмонҳои ғайридавлатии байнулмилалӣ, аз қабили Бунёди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон, Penal Reform International («Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо», PRI), Мушоракати ғайритиҷоратии «Маркази байниқавмии байнулмилалӣ» (Русия) ва Пажӯҳишгоҳи молдавӣ оид ба ҳуқуқи инсон иштирок ва суханронӣ карданд.

Дар ҷараёни семинар ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти ниҳодҳои миллӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон, афзоиши нақши онҳо дар пешбурду ҳимояти ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, таҳияи қонунҳои дахлдор ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ баррасӣ гардиданд. Аз ҷумла, масоили ҳамкории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самтҳои таҳлил ва пешбурди сиёсат дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, муҳоҷирони меҳнатӣ ва дигар гурӯҳҳои осебпазир, инчунин пешбурди тавсияҳои СММ ва дигар созмонҳои байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон муҳокима шуданд.

Ҳамзамон иштирокдорон зарурати ҳамкории Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсонро бо Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон барои мониторинги муштараки муассисаҳои пӯшидаи кишвар иброз доштанд. Зимнан таҷрибаи пешқадами байнулмилалӣ оид ба истифодаи муассир аз Механизмҳои миллии пешгирӣ баррасӣ шуд.

Дар ҷамъбаст намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ як қатор тавсияҳоро қабул карданд, ки ба беҳтар гардонидани фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон равона шудаанд. Мувофиқи таҷрибаи маъмулӣ, тавсияҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон азҷониби Намояндагии Иттиҳоди Аврупо пешниҳод гардида, зимниҷаласаи навбатии Муколамаи байни Иттиҳоди Аврупо – Тоҷикистон оид ба ҳуқуқи инсон, ки дар охири соли ҷорӣ баргузор мешавад, мавриди баррасӣ қарор мегиранд.

Семинари ҷомеаи шаҳрвандии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон ҷузъи Муколамаи ҳамасола оид ба ҳуқуқи инсон миёни Иттиҳоди Аврупо ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баррасии доираи васеи масоили ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. Муколама баъд аз тасдиқи Дурнамои «Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ: дурнамои шарикии навин» аз ҷониби Шӯрои Аврупо дар моҳи июни соли 2007 оғоз гардида, ба пешбурди риояи ҳуқуқи инсон, озодиҳои асосӣ ва унсурҳои мардумсолорӣ равона шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.