Имсол 6 ҳазор нафар тоҷикистониён ба ҳаҷ мераванд

Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол 6 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд. Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои […]


Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, имсол 6 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.

Муовини раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба ин масъала изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8 млн. нафар расидаааст, ки 99,4%-и онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. «Бо назардошти ин маълумот, имсол мо аз ҷудо гардидани 7,8 ҳазор квота интизорӣ доштем, вале бинобар сабаби коҳиши шумори квотаҳо ба андозаи 20%, мо акунун танҳо 6 ҳазор нафар тоҷикистониёнро ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор карда метавонем», – зикр кард Мухторов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба номаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шоҳи Арабистони Саъудӣ бо дархости коҳиш надоди шумори зойирини  тоҷик, посухи мусбат нарасидааст.

Ҳамин тариқ, рӯзи 21-уми сентябр ҳавопаймои нахустини ширкати «Сомон Эйр» бо 182 нафар аз Душанбе ба сӯи шаҳри Ҷидда роҳ пеш мегирад. Парвозҳо аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии ватании «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» анҷом дода мешаванд.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.