Амиршоева: Вақти ҳалли масъалаи саркашӣ аз пардохти алиментҳо фаро расидааст

Ду субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – ман ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов ба сифати узви палатаи болоии парлумони кишвар ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро пешниҳод кардем, ки мутобиқи он назорат аз болои афроди саркаш аз пардохти алиментҳо мебоист шадидтар карда мешуд. Ин нуктаро дар мусоҳиба бо […]


Ду субъекти дорои ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ – ман ҳамчун вакили палатаи поёнии парлумон ва раиси шаҳри Турсунзода Давлатшо Гулмамадов ба сифати узви палатаи болоии парлумони кишвар ворид намудани тағйирот ба қонунҳои амалкунандаи ҷумҳуриро пешниҳод кардем, ки мутобиқи он назорат аз болои афроди саркаш аз пардохти алиментҳо мебоист шадидтар карда мешуд. Ин нуктаро дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» вакили палатаи поёни парлумон, ҳуқуқшиноси касбӣ Саодат Амиршоева баён кард.

«Тибқи тағйироти пешниҳодшудаи мо, Вазорати адлия ва Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумат мебоист пойгоҳи маълумот дар бораи афроди саркаш аз пардохти алиментҳоро тартиб дода, ба ин афрод барои ба хориҷи кишвар сафар кардан иҷозат дода намешуд, аммо пешниҳодоти мо аз ҷониби ҳукумат пазируфта нашуд», – иброз дошт Амиршоева.

Дар идома ӯ зикр кард, ки дар вазъи имрӯзаи кишвар тадбирҳои ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани ин афрод қариб бесамаранд ва Конвенсияи дар доираи ИДМ имзошуда дар бораи муносибатҳои оилавӣ низ ба ҳалли ин мушкилот қодир нест.

«Имрӯз метавон садҳо далелҳоеро мисол овард, ки мардон ба муҳоҷирати корӣ озими Русия шуда, солҳо наздикону оилаҳои худро аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ намекунанд. Дар натиҷа сол то сол сафи оилаҳои афгор, кӯдакони бесавод, талбандаву гадо ва ҷинояткорони имонпазир дар ҷомеа меафзояд», – изҳор кард вакил.

Ба эътиқоди Амиршоева, бо мурури замон ҳукумати Тоҷикистон ҳатман ба ҳалли мушкилоти марбут ба пардохт нашудани алиментҳо бармегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.