Пешбарии номзади Ҳизби сотсиалистӣ ба мансаби президентӣ

Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) раиси ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд. Ба ҷонибдории номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҳамаи 78 вакилони анҷуман овоз доданд. Ба гуфтаи Ғаффоров имрӯз дар сафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳудуди 19 ҳазор шаҳрвандони кишвар муттаҳиданд. Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон […]


Дар анҷумани имрӯзаи пешазинтихоботии Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон (ҲСТ) раиси ин ҳизб Абдуҳалим Ғаффоров номзад ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуд.

Ба ҷонибдории номзадии раиси Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоров ҳамаи 78 вакилони анҷуман овоз доданд.

Ба гуфтаи Ғаффоров имрӯз дар сафи Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон ҳудуди 19 ҳазор шаҳрвандони кишвар муттаҳиданд.

Ёдрас мекунем, ки Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон соли 1996 таҳти раҳбарии яке аз арбобони маъруфи сиёсиву давлатии ҷумҳурӣ Сафаралӣ Кенҷаев сабти ном шуд. Соли 1999 ӯ аз ҷониби қотилони номаълум кушта шуд. Соли 2002 Кумитаи иҷроияи марказии ҲСТ Мирҳусейн Нарзиевро раиси ҳизб интихоб намуд.

Як сол қабл аз интихоботи парлумонии соли 2005, замони ба эътилоф ворид шудани ҲСТ (Ҳизби сотсиалистӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ, Ҳизби демократ ва ҲНИТ) дар сафҳои ҲСТ мухолифат рӯйи кор омад. Ҳизби коммунисти Тоҷикистон мавқеи бетарафиро ишғол намуда, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон яккаву танҳо монд.

Ба андешаи коршиносон, он замон барои ислоҳи вазъи мавҷуда ва тағйири тавозуни нерӯҳои сиёсӣ аз ҷониби доираҳои ҳукуматӣ таҳти сарварии Абдуҳалим Ғаффоров Ҳизби сотсиалистии сунъӣ таъсис дода шуд. Бо ин амал Ҳизби сотсиалистӣ таҳти раҳбарии М.Нарзиев аз иштирок дар интихоботи парлумонии соли 2005 барканор карда шуд.

Айни замон ҳарду ҷиноҳи ҲСТ – яке бо роҳбарии А.Ғаффоров, ки расман дар Вазорати адлияи ҶТ сабти ном шудааст ва дигаре таҳти сарварии М.Нарзиев вуҷуд доранд, ки аз ҷониби ин ниҳод эътироф намешавад.

Ҳамин тариқ, айни замон чор нафар – Абдуҳалим Ғаффоров аз ҲСТ, академик Толиббек Бухориев аз ҲАТ, Саидҷаъфар Исмонов аз ҲДТ ва Ойниҳол Бобоназарова аз ИНИТ номзадҳо ба мансаби президентӣ пешбарӣ шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.