Э.Раҳмон сарвари ҶСК «Газпром»-ро ба ҳузур пазируфт

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сухт баррасӣ шуда, ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба […]


Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси мудирияти Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Газпроми Федератсияи Русия Алексей Миллерро ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Русия дар соҳаи нафту газ ва маводи сухт баррасӣ шуда, ба ҷараёни корҳои ҷустуҷӯию геологӣ ва истихроҷи нафту газ дар чор мавзеи Тоҷикистон, ки ба ин ширкати бузурги Русия иҷозати коркардаш дода шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки пармакунӣ дар мавзеи Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав ба умқи 6450 метр расида, кор бояд ба марҳилаи нави омӯзиши захираҳои нафту газ дар ин кони умедбахш гузарад.

Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки «корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар мавзеъҳои Шоҳамбарии Ғарбӣ, Ренгани ноҳияи Рӯдакӣ ва Саргазони ноҳияи Данғара низ бояд вусъат дода шаванд».

Алексей Миллер изҳор намуд, ки «оянда ширкати Газпром тасмим дорад сармоягузориро ба корҳои ҷустуҷӯию геологӣ дар Тоҷикистон афзун намояд».

Ҳамчунин дархости ширкати Газпром доир ба дарёфт намудани иҷозатнома дар бораи кор дар дигар мавзеъҳои ояндадори Тоҷикистон баррасӣ шуд. Изҳори боварӣ карда шуд, ки густариши ҳамкорӣ дар соҳаи нафту газ асоси муҳим барои таҳкими бештари муносиботи стратегӣ ва муттафиқии Тоҷикистону Русия хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.