Вакил: Дар тасдиқи Созишномаи пойгоҳи низомии Русия мушкилоте ҷой надорад

spot_imgspot_img

Дата:


Аввали ҳафтаи оянда кумита ва комиссияҳои соҳавии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ ба омӯзиши масъалаи тасдиқи Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, шурӯъ мекунанд. Дар ин бора ба ОИ «Азия-Плюс» муовини раиси Кумитаи мудофиа ва амнияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ вакил Саттор Холов хабар дод.

«Ман мутмаинам, ки дар масъалаи тасдиқи созишномаи мазкур аз ҷониби Тоҷикистон ҳеҷ мушкилоте ҷой нахоҳад дошт, зеро ҳузури пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар ҷумҳурии мо натанҳо ба манфиати Тоҷикистону Русия, балки ба манфиати тамоми кишварҳои пасошӯравии узви ИДМ аст», – таъкид дошт вакил.

Ба андешаи ӯ, пас аз хурӯҷи нерӯҳои эътилофи байнулмилалии зиддитеррористӣ аз Афғонистон дар соли 2014, нақши пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон бамаротиб возеҳу аён хоҳад шуд.

«Ғайр аз ин, набояд фаромӯш сохт, ки марзи Тоҷикистону Афғонистон марзи умумии ИДМ буда, ҳифзи боэътимоди он имрӯз масъалаи муҳим барои ҳамаи кишварҳои узви Иттиҳод мебошад», – афзуд Холов.

Ёдрас мекунем, ки имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Созишнома байни Тоҷикистону Русияро дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод кард.

Зимни сафари кории аввали моҳи август ба Русия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошта буд, ки Созишнома миёни Тоҷикистону Русия дар бораи мақом ва шартҳои будубоши пойгоҳи ҳарбии Россия дар қаламрави Тоҷикистон, ки 5 октябри соли 2012 дар шаҳри Душанбе зимни сафари расмии президенти Русия Владимир Путин ба Тоҷикистон ба имзо расида буд, моҳи октябри соли 2013 аз ҷониби парлумони Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Тоҷикистон бинобар сабаби ба амалисозии ҳарчи зудтари созишномаҳо дар бораи муҳоҷират, таҳвили маҳсулоти нафтӣ бидуни боҷи содиротӣ ва ҳамчун таъмини артиши Тоҷикистон бо таҷҳизоту аслиҳаи нав таваҷҷуҳ зоҳир накардани Маскав, ба тасдиқи Созишномаи пойгоҳи низомӣ шитоб надошт.

Популярное

Похожие материалы