«Вахш» нахустин дастаи иштирокчии даври нимфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон

Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа нахустин шуда ба даври нимфиналии мусобиқоти дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии ҷавобӣ, ки рӯзи 17-уми август доир гардид, дастаи «Вахш» дар майдони худ бори дигар бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб омад. Бозии аввал низ дар […]


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа нахустин шуда ба даври нимфиналии мусобиқоти дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон роҳ ёфт.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар вохӯрии ҷавобӣ, ки рӯзи 17-уми август доир гардид, дастаи «Вахш» дар майдони худ бори дигар бар дастаи «Эсхата»-и Хуҷанд бо ҳисоби 3 бар 0 ғолиб омад. Бозии аввал низ дар Хуҷанд ба фоидаи меҳмонон бо ҳисоби 2 бар 1 анҷом ёфта буд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро дар дақиқаҳои 67, 70 ва 74-уми бозӣ ҳимоятгари дастаи «Вахш» Умедҷон Шарифов ба самар расонида, вале дар дақиқаи 81-ум корти сурх гирифтаву аз майдон хориҷ шудааст.

Акнун дар бозии нимфиналӣ дастаи «Вахш» бо ғолиби ҷуфти чорякфиналии «Энергетик (Душанбе)-Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) қувваозмоӣ мекунад.

Се бозии боқимондаи даври чорякфиналии Ҷоми футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои «Равшан (Кӯлоб) – «Парвоз» (ноҳ. Бобоҷон Ғафуров), «Энергетик» – «Регар-ТадАЗ» ва «Истиқлол» (Душанбе) – «Истаравшан» (Истаравшан) имрӯз доир мегарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.