Коршинос: Имкони ҳарифони Раҳмон дар интихобот ба сифр баробар аст

Имкони президенти амалкунандаи Тоҷикистон ба пирӯзӣ дар интихоботи президентии санаи 6-уми ноябри соли равон бешубҳа хеле бузург аст. Муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, сиёсатшинос Сайфулло Сафаров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рақибони имконпазири Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза барои курсии президентӣ ҳеҷ гуна имконе барои ғалаба […]


Имкони президенти амалкунандаи Тоҷикистон ба пирӯзӣ дар интихоботи президентии санаи 6-уми ноябри соли равон бешубҳа хеле бузург аст.

Муовини роҳбари Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ, сиёсатшинос Сайфулло Сафаров дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки рақибони имконпазири Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза барои курсии президентӣ ҳеҷ гуна имконе барои ғалаба надоранд.

«Президенти амалкунанда дар тамоми манотиқи кишвар нуфузу эътибори бузург дошта, миёни мардум хеле писандида аст ва ҳамаи инро ӯ бо заҳмати худ, ғамхорӣ ба кишвару халқ ба даст овардааст. Ман муътақидам, ки ҳарифони имконпазири Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот аз вазни баробари сиёсӣ бо ӯ бархӯрдор нестанд», – зикр кард сиёсатшинос.

Дар идома ӯ таъкид намуд, ки баргузории интихоботи президентӣ талаботи меъёрҳои Конститутсияи ҷумҳурӣ буда, иштироки номзадҳои аҳзоби сиёсӣ дар он як навъ пуштибонӣ аз имиҷи сиёсии худ аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.

Гардиши савдо байни Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 50% зиёд шудааст

Кишвари ҳамсоя аз мо чӣ мехарад ва мо аз онҳо чӣ мегирем?

Донишҷӯёни тоҷик санъати хаттотӣ ва наққошӣ дар рӯи обро омӯхтанд

Дар Донишкадаи санъати тасвирӣ ва дизайн барномаи омӯзишии ТИКА ба анҷом расид.

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.