Имрӯз, 20-уми сентябр раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо дархост ҷиҳати баҳои ҳуқуқӣ додан ба амалҳои бархе аз мансабдорони давлатӣ аз ВКД, КДАМ ва Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, Кабирӣ дар муроҷиати худ тамоми фишору монеъаҳоеро, ки ба андешаи ӯ ҳукуматдорон нисбати аъзои ҲНИТ эҷод месозанд, номбар кардааст.
Дар муроҷиатнома лату кӯби яке аз фаъолони ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода моҳи феврали соли 2011, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит баҳори соли равон, фишорҳо болои аъзои ҳизб барои хориҷ шудан аз сафҳои он, нашру таблиғоти гузоришҳои беасос алайҳи ҲНИТ ва роҳбарияти он тавассути шабакаҳои давлатии телевизиону радио хотиррасон мешавад.
«Раиси ҲНИТ аз Суди конститутсионӣ дархост намудааст, ки бар асоси муроҷиати ӯ оид ба далели риоя накардани меъёрҳои Конститутсияи ҶТ аз ҷониби бархе аз мансабдорони давлатӣ парванда боз карда шавад», – гуфт манбаъ.
Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфта буд. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.
Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.



