Интихоб назди хизматчиёни давлатии Кӯлоб – адои маросими ҳаҷ ё сабукдӯшӣ аз мансаб

Ба ҳафт нафар хизматчии давлатии минтақаи Кӯлоб, ки маблағи адои маросими ҳаҷро аллакай пардохт намудаанд, пешниҳод шуд, ки зиёрати макони муқаддаси ислом ё сабукдӯш гардидан аз мансабро интихоб кунанд. Ба гуфтаи сарчашмаҳои ОИ «Азия-Плюс», ин шахсон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон имконпазирона мавриди истифода қарор гирифта метавонанд ва аз қаламрави кишвар хориҷ шудани онҳо айни […]


Ба ҳафт нафар хизматчии давлатии минтақаи Кӯлоб, ки маблағи адои маросими ҳаҷро аллакай пардохт намудаанд, пешниҳод шуд, ки зиёрати макони муқаддаси ислом ё сабукдӯш гардидан аз мансабро интихоб кунанд.

Ба гуфтаи сарчашмаҳои ОИ «Азия-Плюс», ин шахсон дар маъракаи интихоботи президенти Тоҷикистон имконпазирона мавриди истифода қарор гирифта метавонанд ва аз қаламрави кишвар хориҷ шудани онҳо айни замон қобили қабул нест.

Тибқи иттилои расида ба ОИ «Азия-Плюс», ду нафарӣ аз ин мансабдорон дар ноҳияҳои Данғараву Восеъ ва як нафарӣ дар ноҳияҳои Шӯрообод, Темурмалик ва шаҳри Кӯлоб иқомат доранд ва ду нафар аз ин шумор адои маросими ҳаҷ аз мансаби хизматиро афзалтар донистаанд.

Дар ҳамин ҳол, масъалаи даст кашидан аз сафар ва баргардонидани маблағи пардохтшудаи мансабдорони давлатӣ ҳамин рӯз дар Кумитаи умури дини назди ҳукумати Тоҷикистон мебоист ҳаллу фасл гардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.