БҶ ба дастгирии бахши тандурустии ҶТ ҳудуди 20 млн. $ бурс ҷудо мекунад

Имрӯз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив Созишнома дар бораи ҷудо кардани бурс барои маблағгузории «Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Тавре аз намояндагии БҶ дар ҶТ хабар доданд, бурс дар ҳаҷми 19,8 млн. $ ба Тоҷикистон барои беҳбуди солимии модарону кӯдакон тавассути […]

ASIA-Plus


Имрӯз вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмуддинов ва роҳбари намояндагии Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) дар Тоҷикистон Марша Олив Созишнома дар бораи ҷудо кардани бурс барои маблағгузории «Лоиҳаи такмили хизматгузориҳои тандурустӣ дар Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд.

Тавре аз намояндагии БҶ дар ҶТ хабар доданд, бурс дар ҳаҷми 19,8 млн. $ ба Тоҷикистон барои беҳбуди солимии модарону кӯдакон тавассути афзоиши миқёси фарогирӣ ва баланд бардоштани сифати хизматгузориҳои аввалияи заминавӣ дар муассисаҳои тибббии деҳот ихтисос дода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳаи нав аз ҳисоби воситахои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд ба маблағи 15 млн. $ ва ҳамчунин Фонди трастии натиҷаҳои инноватсионии тандурустӣ (Health Results Innovation Trust Fund) ба маблағи 4,8 млн. $ сармоягузорӣ шуда, саҳми ҳукумати Тоҷикистон иловатан 3,20 млн. $-ро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Марша Олив, бо беҳбуди самаранокии фаъолияти муассисаҳои шабакаи аввалияи кӯмаки тиббӣ бо шумули муассисаҳои воқеъ дар манотиқи деҳот, метавон ба беҳбуди сатҳи солимии оилаҳо ва некӯаҳволии минбаъдаи онҳо ноил гардид.

Гуфта мешавад, амалисозии ин лоиҳа дар ҳашт ноҳияи вилоятҳои Хатлону Суғд бо фарогирии 1,86 млн. нафар аҳолӣ дар назар аст.

Муддати 20 соли ҳамкорӣ дар бахши тандурустӣ бо Тоҷикистон Бонки ҷаҳонӣ давраҳои омӯзишии беш аз 4 ҳазор нафар кормандони низоми тандурустиро маблағгузорӣ намуда, ба таъмиру барқароркунии тақрибан 20%-и муассисаҳои шабакаи аввалияи бахши тандурустӣ мусоидат намуд.

Айни замон, сандуқи лоиҳаҳои сармоягузории Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон аз 12 лоиҳа бо ӯҳдадориҳои умумӣ дар ҳаҷми 205,9 млн. ллари ИМА иборат аст. Ҳиссаи бузургтарини сандуқро бахши кишоварзӣ ва рушди деҳот (40%), обтаъминкунӣ ва санитария (15%), рушди инсон (14%) энергетика (13%), бахши давлатӣ (12%) ва бахши хусусӣ (6%) ташкил медиҳанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Абдулмаҷид Достиев – ёри содиқи Эмомалӣ Раҳмон ва такягоҳи зиёиён

Бархеҳо Абдулмаҷид  Достиевро яке аз чеҳраҳои миллигаройи ҳукумат, бархеҳо аз чеҳраҳое, ки ҷангу сулҳи тоҷиконро бо ҳузури мусбату манфӣ таҷриба кардааст ва бархеҳо ҳам...

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.