Ҳукуматдорон изҳороти ИНИТ-ро рад мекунанд

Ҳукуматдорони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва шаҳри Турсунзода изҳороти намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар бораи монеъа эҷод кардан ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳи ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентиро рад карданд. Рӯзи панҷшанбе зимни нишасти хабарӣ сухангӯи ИНИТ Абдуқаюми Қаюмзод дар ин робита хабар дод, ки ҳукуматдони маҳаллӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур ва Турсунзода аз […]


Ҳукуматдорони ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ва шаҳри Турсунзода изҳороти намояндагони Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар бораи монеъа эҷод кардан ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳи ба ҷонибдории номзад ба мансаби президентиро рад карданд.

Рӯзи панҷшанбе зимни нишасти хабарӣ сухангӯи ИНИТ Абдуқаюми Қаюмзод дар ин робита хабар дод, ки ҳукуматдони маҳаллӣ, аз ҷумла ноҳияҳои Шоҳмансур ва Турсунзода аз намояндагони ситоди ИНИТ пешниҳоди «кадом як мактубе»-ро барои гузоштани муҳр ба варақаи иҷозаи ҷамъоварии имзоҳо талаб мекунанд.

«Мо аз КМИР варақаҳои дахлдор гирифта, бояд 210 ҳазор имзо ҷамъоварӣ намоем, вале қабл аз ин ба мо дастрас намудани муҳри иҷозаи раиси ин ё он шаҳру ноҳияҳо зарур буда, ҳозир аз мо пешниҳоди кадом як мактуберо тақозо доранд. Чӣ гуна мактуб – намегӯянд. Гузашта аз ин, раисони шаҳру навоҳиро аксаран дар ҷойи корашон наметавон дарёфт намуд», – гуфт Қаюмзод.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ноҳияи Шоҳмансур имрӯз дар ин робита хабар дод, ки ин ҷо сари кадом мактубе сухан намеравад ва аз намояндагони ИНИТ танҳо риояи расмиёту талаботи маъмулиро дархост намудаанд.

«Аз ҷониби роҳбари Раёсати ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур Ҳабибхон Саизода варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо пешниҳод шуданд, вале дар онҳо ному насаби номзад, аз ҷониби кадом мақомот пешбарӣ шудани ӯ, ному насаби намояндаи гурӯҳи ташаббускори ҷамъоварандаи имзоҳо дарҷ нашуда буд ва мо аз онҳо дархост намудем, ки сабтҳои зарурӣ мутобиқи талаботи КМИР-ро ворид сохта, варақаҳоро ба мо барои тасдиқ пешниҳод кунанд», – гуфта мешавад дар номаи маъмурияти ноҳияи Шоҳмансур, ки имрӯз ба дасти ОИ «Азия-Плюс» расид.

Роҳбари Дастгоҳи раиси шаҳри Трусунзода Тӯйчӣ Ханҷаров ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар дод, ки онҳо низ ба ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби намояндагони ИНИТ ҳеҷ монеъае эҷод накардаанд.

Ба гуфтаи ӯ низ, намояндагони ИНИТ расмиёту талаботи маъмулии банди 2-и қарори КМИР аз 31-уми августи соли 2013-ро риоя накардаанд. «Талаботи моро намояндагони ҲНИТ ҳамчун асоснок қабул намуданд», – гуфт ӯ.

Ба андешаи Ханҷаров, «чанде аз намояндагони ИНИТ аз лаҳзаи кории маъмулӣ ҳангома сохтанӣ шуда, бо ин роҳ нуфузи сиёсӣ ба даст оварданианд».

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.