Раиси ҲНИТ ба Суди Конститутсионӣ муроҷиат кард

Имрӯз, 20-уми сентябр раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо дархост ҷиҳати баҳои ҳуқуқӣ додан ба амалҳои бархе аз мансабдорони давлатӣ аз ВКД, КДАМ ва Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, Кабирӣ дар муроҷиати худ […]


Имрӯз, 20-уми сентябр раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо дархост ҷиҳати баҳои ҳуқуқӣ додан ба амалҳои бархе аз мансабдорони давлатӣ аз ВКД, КДАМ ва Кумитаи телевизиону радиои Тоҷикистон ба Суди конститутсионии ҷумҳурӣ муроҷиат намуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҲНИТ хабар дод, Кабирӣ дар муроҷиати худ тамоми фишору монеъаҳоеро, ки ба андешаи ӯ ҳукуматдорон нисбати аъзои ҲНИТ эҷод месозанд, номбар кардааст.

Дар муроҷиатнома лату кӯби яке аз фаъолони ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода моҳи феврали соли 2011, муовини раиси ҲНИТ Маҳмадалии Ҳайит баҳори соли равон, фишорҳо болои аъзои ҳизб барои хориҷ шудан аз сафҳои он, нашру таблиғоти гузоришҳои беасос алайҳи ҲНИТ ва роҳбарияти он тавассути шабакаҳои давлатии телевизиону радио хотиррасон мешавад.

«Раиси ҲНИТ аз Суди конститутсионӣ дархост намудааст, ки бар асоси муроҷиати ӯ оид ба далели риоя накардани меъёрҳои Конститутсияи ҶТ аз ҷониби бархе аз мансабдорони давлатӣ парванда боз карда шавад», – гуфт манбаъ.

Дар ҳамин ҳол, раҳбарияти ҲНИТ бар ин назар аст, ки фишори афзоянда болои ҳизб ба рӯҳияи «Протоколи 32-20» созгор аст, ки стенограммаи ҷаласаи махфии ҳукумати ҷумҳурӣ номида шуда, баҳори соли гузашта ба ВАО роҳ ёфта буд. Тибқи ин ҳуҷҷат, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориш дода шуд, ки ҷиҳати бадномкунии ҲНИТ ва аъзои он ва ҳамчунин роҳҳои аз сафҳои ҳизб хориҷ шудани аъзои он тадбирҳо андешанд.

Қобили зикр аст, ки феълан шумори аъзои ҲНИТ дар саросари кишвар беш аз 40 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Аз соли 2000 ду тан аз намояндагони ҲНИТ дар палатаи поёнии парлумони кишвар фаъолият доранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.