Гурӯҳи аввалини зоийирини тоҷик ба Мадина раҳсипор шуданд

spot_imgspot_img

Дата:


Соати 6-и субҳи имрӯз гурӯҳи аввалини зоийрини тоҷик дар ҳайати 210 нафар ҷиҳати адои маросими ҳаҷ аз фурудгоҳи Душанбе тавассути ҳавопаймои бароҳати Боинг 757-200 ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саъудӣ раҳсипор шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти ширкати ҳавопамоии миллӣ «Тоҷик Эйр» хабар доданд, тибқи муқаррарот аз 21-уми сентбр то 1-уми октябр ширкат бо иҷрои 13 парвоз қисмате аз зойиринро ба шаҳри Мадина, қисмати дигарро ба шаҳри Ҷидда таҳвил медиҳад. Бо назардошти коҳиши 20-фоизаи шумори квотаҳо барои адои маросими ҳаҷ аз ҷониби Арабистони Саудӣ, дар маҷмӯъ имсол 6 ҳазор нафар тоҷикистониён макони муқаддаси Исломро зиёрат мекунанд.

Қобили зикр аст, ки соли равон Арабистони Саъудӣ барои зойирини тамоми кишварҳо шумори квотахоро ба андозаи 20% кам кард. Ин тасмим баҳри он гирифта шуд, ки зойирини макони муқаддас зимни адои маросими ҳаҷ нороҳатӣ ҳис накунанд, зеро дар шаҳрҳои Ҷиддаву Мадина корҳои васеъсозии фурудгоҳ, ду масҷид, бахусус мавзеи атрофи Каъба ва ҳамчунин роҳҳои самти водии Арафот, Мино ва Муздалифа идома доранд.

Муовини раиси Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҶТ Мавлон Мухторов ба ОИ «Азия-Плюс» роҷеъ ба ин масъала изҳор намуд, ки тибқи маълумоти ахир, айни замон шумори аҳолии Тоҷикистон қариб ба 8 млн. нафар расидаааст, ки 99,4%-и онҳоро мусулмонон ташкил медиҳанд. «Бо назардошти ин маълумот, имсол мо аз ҷудо гардидани 7,8 ҳазор квота интизорӣ доштем, вале бинобар сабаби коҳиши шумори квотаҳо ба андозаи 20%, мо акунун танҳо 6 ҳазор нафар тоҷикистониёнро ба адои маросими ҳаҷ раҳсипор карда метавонем», – зикр кард Мухторов.

Дар ҳамин ҳол, ӯ илова намуд, ки ба номаи президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба унвони шоҳи Арабистони Саъудӣ бо дархости коҳиш надоди шумори зойирини  тоҷик, посухи мусбат нарасидааст.

Нархи ҳаҷҷи имсола 17 ҳазору 625 сомонӣ (беш аз 3 ҳазору 710 $)-ро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо соли гузашта 497,3 сомонӣ зиёдтар аст. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, сарулибоси ягонаи маъмулӣ бо нишони Тоҷикистон, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.

Соли гузашта адои маросими ҳаҷ барои тоҷикистониён – 3 ҳазору 546 $ ва соли 2011 – 3 ҳазору 448 доллари ИМА-ро ташкил дода буд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...