Анонс
– Дар меҳмонхонаи «Ёқут»-и пойтахт (кӯч. Валаматзода, 52) таҳти сарпарастии Вазорати корҳои хориҷии ҶТ, Маҳфили сафирони Душанбе ва Маҳфили иҷтимоии Душанбе Фестивали байнулмилалии хайрияи таомҳои миллӣ доир мегардад. Оғоз соати 10:00;
– Рӯзҳои фарҳанги Чин дар Тоҷикистон оғоз мегарданд;
– Дар Ал-Қувайт мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё миёни наврасон оид ба футбол оғоз гардида, дар гурӯҳи «А» дастаҳои Ҳиндустон, Қувайт, Лубнон ва Бутан ҳарифони дастаи Тоҷикистон мебошанд;
– Фестивали дуюми ретроавтомобилҳо (автомобилҳои қадим) дар Душанбе баргузор мешавад. Оғоз соати 09:00;
– Дар толори Театри давлатии драмавии рус ба номи В. Маяковский гурӯҳи рақсии ҳип-ҳоп «Ҳавикоро» ва Диҷей Ҷой Би аз шаҳри Ҳюстони иёлоти Техаси ИМА ҳнуарнамоӣ мекунанд. Оғоз соати 16:00;
– Дар маҷмааи давлатии «Кохи Ваҳдат» анҷумани Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон доир гардида, дар он номзади ИҶТ ба мансаби президентӣ эълон мегардад. Оғоз соати 10:00;
– Дар толори Раёсати БДА ВКД ҶТ (кӯч. Ҷ.Расулов, 69) музоядаи рақамҳои давлатии силсилаи АЕ 08 доир мегардад. Арзиши як лот 270 сомонӣ аст. Оғоз соати 09:00;
– Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар доираи барномаи давлатии «Ҳаҷ – 2013» интиқоли зойиринро ба шаҳрҳои муқаддаси мусалмонон шурӯъ менамояд. Вақти парвоз соати 06:00;
Қурби асъор
Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:
1
доллари ИМА
– 4.7679
сомонӣ;
1
евро
– 6.1050
сомонӣ;
1
рубли русӣ
– 0.1498
сомонӣ.
Як рӯзи таърих
1949
– Ифтитоҳи Даҳаи адабиёти тоҷик дар Маскав.
2000
– Анҷоми мандати Қувваҳои дастаҷамъии ҳомии сулҳ дар ҶТ.
2001
– Маросими ба истифода додани қитъаи роҳи мошнигарди Мурғоб-Қулма доир гардид, ки роҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғобро бо шоҳроҳи Қарақорум мепайвандад.
1912-1983
– Зодрӯзи актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Павел Суханов.
1918
– Мавлуди актёр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзо Мадаминов.
Вазъи обуҳаво
Дар вилояти Хатлон
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +15+20, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +28+33.
Дар вилояти Суғд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25.
Дар Ноҳияҳои тобеи марказ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +24+29.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
— Обуҳавои
тағйирёбанда,
бидуни боришот.
Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +24+29; дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +11+16.
Дар шаҳри Душанбе
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.
Дар шаҳри Хуҷанд
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.
Дар шаҳри Қӯрғонтеппа
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +34+36.
Дар шаҳри Кӯлоб
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +32+34.
Дар шаҳри Хоруғ
— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.
Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +27+29.



