Раиси пойтахт пахши мусиқии гӯшхарош дар нақлиёти мусофирбарро манъ кард

Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили марбут ба кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва таъмини ҳуқуқи мусофирон дар он баррасӣ шуданд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти тахлили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, […]

Аваз Юлдошев


Рӯзи сешанбеи ҳафтаи равон таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев машварати васеи мақомоти шаҳрдорӣ доир гардида, дар он масоили марбут ба кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар пойтахт ва таъмини ҳуқуқи мусофирон дар он баррасӣ шуданд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов хабар дод, бо назардошти тахлили фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ дар шаҳри Душанбе, Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хадамоти дахлдор оид ба тадбирҳои муассир андешидан ҷиҳати пешгирии фаъолияти ронандагони машғул ба мусофиркашонӣ бидуни иҷозатнома ва ҳуҷчатҳои дахлдор супоришҳои мушаххас дод.

«Раиси шаҳр ба роҳбарони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе, Раёсати назорати давлатӣ ва танзим дар соҳаи нақлиёт супориш дод, ки масоили аз меъёр зиёд савор кардани мусофирон ба нақлиёти мусофирбар, сохтани ҷойҳои иловагӣ дар автобусу маршруткаҳо ва истифодаи таҷҳизоту садову симо бо овози баланду гӯшхарош дар ин навъи нақлиёт таҳти назорати қатъӣ гирифта шавад», – гуфт ӯ.

Ӯ изҳори итминон кард, ки кормандони мақомоти прокуратура ва милисаи шаҳр иҷрои супоришҳои мазкури раиси шаҳрро таҳти назорати қатъӣ қарор хоҳанд дод.

«Бо мақсади ҳимоят аз ҳуқуқи мусофирон дар нақлиёти ҷамъиятӣ, раиси пойтахт оид ба омода кардани қарори раиси пойтахт дар бораи бекор шудани кори нақлиёти мусофирбаре, ки тибқи низоми ба истилоҳ «экспресс» фаъолият доранд, низ супориш дод», – афзуд сухангӯи раиси пойтахт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.