Адвокати Саидовро ба рӯбарӯкунӣ бо ҷабрдида дар парвандаи нав роҳ надоданд

Имрӯз Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор Зайд Саидовро ба маросими рӯбарӯкунӣ бо ҷабрдида дар парвандаи нави таҷовуз ба номус, ки нисбати соҳибкор боз шуд, роҳ надоданд. Маросими рӯбарӯкунӣ бояд соати 10:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор мешуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов хабар дод, навбатдори Агентӣ ба ӯ изҳор кардааст, […]

ASIA-Plus


Имрӯз Шуҳрат Қудратов, адвокати соҳибкор Зайд Саидовро ба маросими рӯбарӯкунӣ бо ҷабрдида дар парвандаи нави таҷовуз ба номус, ки нисбати соҳибкор боз шуд, роҳ надоданд. Маросими рӯбарӯкунӣ бояд соати 10:00 дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор мешуд.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Шуҳрат Қудратов хабар дод, навбатдори Агентӣ ба ӯ изҳор кардааст, ки бо супориши «боло» ӯро ба воридшавӣ иҷозат намедиҳад. «Албатта, ба ман нагуфтанд, ки маҳз кӣ супориш додааст, вале чун аз калимаи «боло» истифода шуд, бар ин назарам, ки раҳбарияти агентӣ чунин супориш додааст. Чунин мешуморам, ки онҳо иштироки ман дар амалҳои тафтишотиро намехоҳанд», – гуфт ӯ.

Ба қавли Қудратов, ба маросими рӯбарӯкунӣ ҳамчунин адвокати дуюми соҳибкор Исҳоқ Табаров низ омада буд, вале пас аз рад шудани иштироки ӯ, Табаров низ аз ҳузур дар ин маросим даст кашидааст, зеро тибқи қонун маросими рӯбарӯкунӣ бояд бо ҳузури адвокатҳо доир гардад.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 24-уми сентябр Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ нисбат ба соҳибкор Зайд Саидов

айбномаҳои нав

– таҷовуз ба номуси духтари хурдсол ва ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодиро пешниҳод намуд. Нисбати Зайд Саидов тибқи моддаҳои 131 (Ғайриқонунӣ маҳрум кардан аз озодӣ) ва 138 (Таҷовуз ба номус нисбат ба духтари баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида)- КҶ ҶТ ду айбномаи нав пешниҳод шуд.

«Айни замон ин духтар 15-сола буда, гӯё ин амал дар синни 12-солагии ӯ содир шудааст. Зайд Саидов бори нахуст ин духтарро дида, даст ба чунин ҷиноят назадааст», – гуфт Қудратов.

Мурофиаи судӣ нисбати Зайд Саидов рӯзи 12-уми сентябр оғоз гардида, пушти дарҳои пӯшида дар бинои тавқифгоҳи муваққатӣ (СИЗО)-и КДАМ ҷараён дорад. Роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси ҳизби нави «Тоҷикистони нав» Зайд Саидов рӯзи 19-уми май дарҳол пас аз бозгашт аз Аврупо дар фурудгоҳи пойтахт боздошт шуда, ба Агентии зиддифасод мунтақил гардид.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия рӯзи 2-юми август дар бинои тавқифгоҳи КДАМ ба Зайд Саидов мутобиқи моддаҳои 319 (Гирифтани пора), 247 (Қаллобӣ), 170 (Серзанӣ), 250 (Тамаъҷӯӣ), 314 (Суистифодла аз мансаби хизматӣ), 138 (Таҷовуз ба номус), 141 (Алоқаи ҷинсӣ бо шахсе, ки ҳануз ба синни 16-солагӣ нарасидааст) ва 124 (Ба исқоти ҳамл маҷбур сохтани зан)-и КҶ ҶТ айбнома пешниҳод кард.

Қаблан Зайд Саидов чандин маротиба изҳор намуда буд, ки таъқиби ӯ ангезаи сиёсӣ дошта, ба нияти ӯ оид ба таъсиси ҳизби мухолиф марбут аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.