Иштироки низомиёни Тоҷикистон дар тамринҳои СААД

Дастаи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Бахтиёр Рузмуншоев дар тамринҳои имрӯз оғозгардидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Нерушимое братство-2013» (Бародарии шикастнопазир-2013) иштирок мекунад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ин тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи назди […]

Аваз Юлдошев


Дастаи нерӯҳои зудамали Вазорати мудофиаи Тоҷикистон таҳти раҳбарии муовини сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ генерал-майор Бахтиёр Рузмуншоев дар тамринҳои имрӯз оғозгардидаи Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) таҳти унвони «Нерушимое братство-2013» (Бародарии шикастнопазир-2013) иштирок мекунад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, ин тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи назди ҳавзаи ҳарбии Чебаркули вилояти Челябински Русия доир мегарданд.

«Дар тамринҳо ҷузъу томҳои нерӯҳои низомии Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русияву Тоҷикистон ва ҳамчунин воҳидҳои маркази таъиноти махсуси ВКД Русия – «Рысь» ва «Зубр» ширкат меварзанд», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли ӯ, тамринҳо дар доираи омодагӣ ва роҳандозии амалиёт оид ба таъмини сулҳ аз ҷониби Нерӯҳои дастаҷамъонаи ҳомии сулҳи СААД дар минтақаи амнияти дастаҷамъӣ сурат гирифта, тарзу воситаҳои амали нерӯҳо дар ин ҳолатҳо мавриди омӯзишу машқ қарор хоҳанд гирифт.

«Дар тамринҳо воҳидҳои низомии ҳомии сулҳи тамоми кишварҳои узви СААД бо шумори ҳудуди 2500 нафар ширкат варзида, дар ҷараёни он марҳилаи махсуси тирандозии ҷангӣ низ анҷом дода мешавад», – афзуд номбурда.

Ёдрас мекунем, ки 18-уми сентябри соли 2003 Оинномаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мавриди амал қарор гирифта, феълан ба ҳайати он кишварҳои Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон шомиланд.

Моҳи декабри соли 2012 Ӯзбекистон узвияташ ба Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД)-ро расман мутаваққиф сохт. Кишвари ҳамсоя қаблан низ аз СААД хориҷ шуда буд. Соли 1999 Ӯзбекистон аз тамдиди шартнома даст кашида, вале соли 2006 бар асари ба сардӣ гароидани муносибатҳояш бо кишварҳои ғарбӣ узвияти худро барқарор намуда буд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Вокуниши Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар робита ба зарари доруи “Албендазол”

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе паҳн шуд, ки гуфта мешавад, баъди истеъмоли доруи кирм вазъи саломатии чанд мактабхон бад шудааст.

Намояндагии Вазорат аз муҳоҷирон хост, ки пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз санҷиш гузаранд

Мақомот бовар доранд, ки ин тадбир ҳангоми убури сарҳад вақти муҳоҷиронро сарфа мекунад.

Табиби тоҷик, ки дар Қундузи Афғонистон кушта шуд, кист ва чӣ гуна ба ин кишвар рафт?

Мо бо пайвандони ин зани тоҷик дар бораи зиндагӣ ва кори ӯ суҳбат кардем.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 63

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.