Тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистону Финландия дар бахши сармоягузорӣ

Чанде қабл вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Финландия дар Тоҷикистон ҷаноби Никлас Линдквист баргузор шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, зимни мулоқот Д.Саидов нахуст ба меҳмон оид ба самтхои фаъолияти Кумита, дастовардҳои ноилгашта дар самти ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, нақшаҳои […]

ASIA-Plus


Чанде қабл вохӯрии раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Давлаталӣ Саидов бо сафири навтаъиншудаи Ҷумҳурии Финландия дар Тоҷикистон ҷаноби Никлас Линдквист баргузор шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Кумитаи мазкур, зимни мулоқот Д.Саидов нахуст ба меҳмон оид ба самтхои фаъолияти Кумита, дастовардҳои ноилгашта дар самти ислоҳоти фазои сармоягузорӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, нақшаҳои минбаъдаи ҳукумати мамлакат дар ин самт, имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои афзалиятноки иқтисодӣ ҷумҳурӣ аз он ҷумла, гидроэнергетика, кишоварзӣ, туризм ва истифодаи қаръи замин, кафолату имтиёзҳо барои сармоягузорон пешниҳодшаванда, тартиби ҳамкорӣ бо ширкатҳои сармоягузорӣ хориҷӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Никлас Линдквист зикр кард, ки мақсади ташрифи он ба Тоҷикистон, ин густариш ва таҳкими ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Финландия мебошад. Дар ин ҷода, сафир омодагии ҳамаҷонибаи худро ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолият баҳри густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни соҳибкорони ду кишвар ва ҷалби сармояи Финландия ба Тоҷикистон изхор намуд.

Тарафҳо ба ақида омаданд, ки ҷиҳати огоҳонидани доираҳои сармоягузорӣ Финландия оид ба иқтидору имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон зарурияти ба роҳ мондани татбиқи ҳаргуна чорабиниҳои ташвиқотӣ ба миён омада, дар ин маврид сафири Финландия ваъда намуд, ки тамоми имкониятҳои худро истифода хоҳад кард.

Раиси Кумита ба ҷаноби Никлас Линдквист бастаи маводҳои таблиғотиро, ки дар худ маълумоти муфассал оид ба қонунгузории ҷории танзимкунандаи фаъолияти сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ, тавсифномаи кутоҳи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, имконият ва иқтидорҳои сармоягузорӣ ва дигар маълумоти зарурӣ дорост, дастрас намуд.

Дар фарҷом ҷонибҳо омодагии ҳамаҷонибаи худро баҳри вусъат бахшидани истифодабарии имкониятҳои зиёде ҳамкориро изҳор намудаанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.