Аз президент кӯмак ба кӯҳнаварди тоҷикро дархост мекунанд

Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Мӯминовро ба фатҳи қуллаҳои баландтарини Африқо даъват карданд, вале ҳеҷ касе нияти кӯмак ба ӯро надорад. Даъватнома аз Ассотсиатсияи кӯҳнавардӣ ва треккинги Зеландияи Нав ва Мактаби ҳунари олии кӯҳнавардии Адигея (Русия) расидааст, ки барномаи маъруфи кӯҳнавардии «Ҳафт қулла» – фатҳи қуллаҳои баландтарини Заминро амалӣ месозанд. Тибқи барнома ин дафъа фатҳи қуллаҳои баландтарини […]

Фирӯз Умарзода


Кӯҳнаварди тоҷик Фарҳод Мӯминовро ба фатҳи қуллаҳои баландтарини Африқо даъват карданд, вале ҳеҷ касе нияти кӯмак ба ӯро надорад.

Даъватнома аз Ассотсиатсияи кӯҳнавардӣ ва треккинги Зеландияи Нав ва Мактаби ҳунари олии кӯҳнавардии Адигея (Русия) расидааст, ки барномаи маъруфи кӯҳнавардии «Ҳафт қулла» – фатҳи қуллаҳои баландтарини Заминро амалӣ месозанд. Тибқи барнома ин дафъа фатҳи қуллаҳои баландтарини Африқо – Килимаҷаро (5895 метр), Кения (5199 метр) ва Маргарет (5109 метр) дар назар аст.

«Ба ҳайати даста кӯҳнавардони беҳтарини Зеландияи Нав, Перу ва Русия шомил буда, аз Тоҷикистон барои иштирок дар экспедитсия Фарҳод Мӯминов даъват шуд. Ӯ қуллаҳои баландтарини Замин чун Элбрус (5642 метр), қуллаи Ленин дар Помир (7134) ва ғайраро фатҳ намуд», – гуфта мешавад дар номаи ноиби президенти Ассотсиатсияи кӯҳнавардӣ ва треккинги Зеландияи Нав А.Шмидт ба унвони президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Созмондиҳандагони экспедитсия аз сарвари давлати Тоҷикистон дархост доранд, ки ба намояндаи Тоҷикистон кӯмак расонад. «Аз Шумо дархост мекунем, ки масъалаи бо маблағ таъмин намудани иштироки намояндаи Тоҷикистон дар экспедисияи фатҳи қуллаҳои баландтарини Африқоро баррасӣ кунед. Дар сурати комёбӣ ӯ нахустин намояндаи кишваратон хоҳад буд, ки парчами Тоҷикистонро дар ин қуллаҳо парафшон хоҳад кард», – зикр мегардад дар мактуб.

Дар маҷмӯъ ҳаҷми маблағгузорӣ барои як иштирокчии экспедитсия 9 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад ва Мӯминов мегӯяд, ин маблағро дарёфт карда наметавонад.

Аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита хабар доданд, ки «раҳбарияти Кумита номаро мавриди омӯзиш қарор дода, вале алҳол ҳеҷ тасмиме дар ин бора нагирифтааст». Дар ҳамин ҳол, экспедитсияи мазкур 30-юми октябр оғоз ва то 19-уми ноябри соли равон идома меёбад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Сохтмон
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов