Ш.Ҳакимов: Тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо мухолифи қонун аст

Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки КМИР ба баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надорад. Дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар ин робита ӯ зикр кард, ки «муҳлат барои он дароз карда мешавад, ки сипас раҳбарии кишвар ба […]

ASIA-Plus


Муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, доктори улуми ҳуқуқшиносӣ Шокирҷон Ҳакимов бар ин назар аст, ки КМИР ба баррасии масъалаи дароз кардани муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ҳуқуқ надорад.

Дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) дар ин робита ӯ зикр кард, ки «муҳлат барои он дароз карда мешавад, ки сипас раҳбарии кишвар ба Маҳмадсаид Убайдуллоев супурда шавад». «Ҳатто агар ба КМИР бо чунин дархост муроҷиат карда бошанд ҳам, он набояд қабул мешуд, зеро ин мухолифи қонун аст», – иброз дошт ӯ.

Ш.Ҳакимов мутмаин аст, ки барои роҳ надодан ба қонушиканӣ, ИНИТ бояд аз иштироки минбаъда дар ин раванд даст кашида, ба интихобот таҳрим (бойкот) эълон кунад, «зеро имрӯз барои маҳрум кардани мардум аз интихоботи демократӣ монеъаҳои гуногун эҷод шудаанд».

«Мувофиқи қонун «Дар бораи интихоботи президенти ҶТ», пешбарии номзадҳо то 50 рӯз аз санаи интихобот оғоз гардида, на дертар аз 30 рӯз то ин сана ба анҷом мерасад, яъне 7-уми октябр ин муҳлат ба охир расид. Мутаносибан КМИР ба риоя накардани ин муқаррароти қонун ҳуқуқ надорад. Ман дастгирӣ намудан аз эълони таҳримро пешниҳод мекунам, зеро барои баргузории интихоботу шаффофу демократӣ ҳеҷ шароите мавҷуд нест. Ҳозир чун дар давраи Раҳмон Набиев муҳлатро дароз мекунанд ва Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷрокунандаи вазифаи сарвари давлат шуда, корҳои муайяне анҷом дода мешаванд. Сарвари давлат аллакай аз аксари манотиқи ҷумҳурӣ боздид намуда, бисёре аз ин сафарҳо ба интихобот марбут буданд. Номзадҳои дигар чунин имконият надоранд ва идомаи ин маърака ҳеҷ маъние надорад», – зикр кард Ҳакимов.

Дар ҷаласа зикр гардид, ки дар қонун муҳлати бақайдгирии номзадҳо муқаррар шудааст, ки «дар муддати се рӯз аз замони расидани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ва на дертар аз 25 рӯз то интихобот» амалӣ мешаванд. «Дар қонун муҳлати ҷамъоварии имзоҳо муайян нашуда, дар бораи муҳлати бақайдгирии номзадҳо сухан меравад, ки ин муҳлат ҳоло риоя мешавад», – гуфт дар ин робита раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ.

Дар натиҷа иштирокчиёни ҷаласа ба хулоса расиданд, ки ин қарор аз ҷониби КМИР қабул шуда, масъулияташ ҳам пурра ба дӯши он вогузор аст. Дар ин робита бо аксари кулли овозҳо тасмим гирифта шуд, ки ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ягона идома дода мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.