Шаталов: Газпром бо Тоҷикистон ҳеҷ қарордоди наве набастааст

Роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов маълумот дар бораи зиёд шудани саҳми Тоҷикистон дар чоҳи пармашудаи «Шаҳринав-1п» дар кони Сариқамишро рад кард. Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти чанде аз ВАО, зимни сафари раиси Раёсати ҶСК «Газпром» Алексей Миллер ва роҳбари Gazprom International Валерий Гуляев ба Душанбе, гӯё ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, […]

Заррина Эргашева


Роҳбари намояндагии Gazprom International дар Тоҷикистон Игор Шаталов маълумот дар бораи зиёд шудани саҳми Тоҷикистон дар чоҳи пармашудаи «Шаҳринав-1п» дар кони Сариқамишро рад кард.

Қобили зикр аст, ки бино ба маълумоти чанде аз ВАО, зимни сафари раиси Раёсати ҶСК «Газпром» Алексей Миллер ва роҳбари Gazprom International Валерий Гуляев ба Душанбе, гӯё ҷонибҳо ба мувофиқа расидаанд, ки ҳиссаи Тоҷикистон дар захираҳои гази кони Сариқамиш аз 25 то 30% афзуда шавад.

«Дар бораи ягон қарордоде оид ба тақсими маҳсулот ман огаҳие надорам ва ин ҷои шарҳ ҳам надорад», – иброз дошт ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» Шаталов.

Аз Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон дар ин робита хабар доданд, ки дар ин самт миёни Тоҷикистону ширкати «Газпром» алҳол танҳо як шартнома – Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон амал мекунад.

«Агар қарордод дар бораи тақсими маҳсулот ба имзо мерасид ҳам, мутобиқи он бояд ҳатман тамоми расмиёти зарурӣ, аз ҷумла тартиби мувофиқасозӣ бо идораи мо доир гардида, пешниҳодҳои моро низ бояд ба инобат мегирифтанд, вале ҷиҳати баррасӣ ба мо чунин созишнома нарасидааст», – гуфтанд дар мақомоти мазкур.

Gazprom International 7-уми декабри соли 2010 ба корҳои пармакунии чоҳи «Шаҳринав-1п» оғоз кард. Ҳаҷми сармоягузории ширкат барои анҷом додани корҳои иктишофии геологӣ дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон беш аз 5,6 млрд. рублро ташкил доданд. Барои идомаи корҳо дар соли 2013 ширкат 30 млн. $ маблағ равона мекунад. Аз оғози корҳо дар Тоҷикистон «Газпром» дар ин самт беш аз 140 млн. $ маблағгузорӣ кард.

Ёдрас мекунем, ки

ахири моҳи июни соли равон

ширкати Gazprom International корҳои пармакунӣ дар чоҳи «Шаҳринав-1п»-ро, ки дар майдони нафтугаздори Сариқамиш дар Тоҷикистон воқеъ аст, ба нуқтаи ниҳоӣ – 6300 метр расонид.

Ин рекорди нави мутлақи пармакунии чуқурӣ ба ин ҳадд дар таърихи пармакунии чоҳҳои нафту газ дар Осиёи Марказӣ мебошад. То имрӯз чоҳи нафти пастхамии Фарғона дар шимоли Ӯзбекистон (6112 метр) чуқуртарин чоҳ дар минтақа маҳсуб меёфт. Чоҳи чуқуртарини нафту газ дар Тоҷикистон «Каратау-1» (6101 метр) дар ҷануби ҷумҳурӣ мебошад, ки соли 1991 парма шудааст.

Ширкати «Газпром» барои баргузор намудани таҳқиқоти захираҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон ду иҷозатнома (майдонҳои Сариқамиш ва Шоҳамбарии Ғарбӣ) дорад.

Захираҳои пешакии газ дар минтақаи нафтугаздори Сариқамиш 18 млрд. метри мукааб, захираҳои нафт – 17 млн. тонна ва гази омехта дар нафт – 2 млрд. метри мукааб арзёбӣ мешаванд.

Ҳамкории ҶСК «Газпром» ва ҳукумати Тоҷикистон аз соли 2008 мутобиқи Созишнома дар бораи усулҳои умумии баргузории омӯзиши геологии захираҳо дар майдонҳои нафтугаздори Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Қобили зикр аст, ки талаботи Тоҷикистон ба гази табиӣ ҳудуди 1,2 млрд. метри мукааб дар як солро ташкил медиҳад. Аз рӯи натиҷаҳо соли 2012 дар Тоҷикистон 1,8 млн. метри мукааб газ истихроҷ шудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Сохтмон

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“Бештар китоби русӣ мехаранд”. Оё китоби кӯдакона бо забони тоҷикӣ харидор дорад?

Китобфурӯшон мегӯянд, китобҳои босифати кӯдакон бо забони тоҷикӣ бештар шудаанд.

Дар Русия мехоҳанд “баҳонаҳо” барои ихроҷи муҳоҷиронро ду баробар зиёд кунанд

Агар ин тарҳ қабул шавад, муҳоҷирон ҳатто барои изҳори назар дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз Русия берун хоҳанд шуд.

Бонки осиёии рушд болоравии иқтисоди Тоҷикистонро дар соли равон 7,3% пешгӯӣ мекунад

Ин ниҳоди байнулмилалии молиявӣ нақши калидии саноатро барои рушди устувор зикр кардааст.

Бонки исломии рушд барои тавсеаи бахши сайёҳӣ ва омӯзиши соҳибкорӣ ба Тоҷикистон беш аз $18 млн медиҳад

Беш аз 9,5 млн доллари он қарз буда, ҳоло шарту шароити гирифтани он маълум нест.

Музокироти Эрону Амрико дар Исломобод: Чеҳраҳои аслӣ кистанд?

Ва чаро маҳз онҳо ба ҳайси музокиракунанда интихоб шудаанд?

Ба 80 зани ҳунарманди Суғд аз 5 то 10 ҳазор сомонӣ медиҳанд

Агар дар озмуни дарёфти гранти раиси вилоят барои занони соҳибкору ҳунарманд ғолиб оянд.

Аз таъсиси “IT Park Dushanbe” як сол гузашт. Он чӣ дастовард дорад?

70 ширкату 23 млн сомонӣ ва имконоти бештар барои занон.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 64

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2026

Аз Рӯзи радио дар Тоҷикистон то зодрӯзи Марворид Қосимоваю Бозгул Додхудоева то даргузашти Талабхӯҷа Сатторов