Пешниҳоди Кабирӣ дар бораи суръатбахшӣ ба ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо

Пас аз қарори КМИРдар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тасмим гирифта шуд, ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад. Раиси ҲНИТ, узви […]

ASIA-Plus


Пас аз қарори КМИРдар бораи тамдиди муҳлати ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзадҳо ба мансаби президентӣ (то соати 18:00 10-уми октябр) дар ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) тасмим гирифта шуд, ки ҷамъоварии имзоҳо ба ҷонибдории номзади ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова, ки ба ҷонибдориаш то имрӯз 175 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст, идома меёбад.

Раиси ҲНИТ, узви ИНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар баробари ҲСДТ ва чанде аз намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод намуд, ки дар ҷамъоварии имзоҳо аъзои гурӯҳи кори ИНИТ ва роҳбарони иттиҳодияҳову аҳзоб низ ширкат варзида, ба ин раванд бештар суръат бахшида шавад.

КМИР ҶТ бо дархости Ҳизбҳои коммунист, сотсиалистӣ ва демократ муҳлати ҷамъоварии имзоҳоро дароз намуда, вале дар ҲКТ, ҲДТ, ҲСТ ва ҲИИТ тасдиқ мекунанд, ки дар ин масъала ҳеҷ мушкилие надоранд.

Тибқи маълумоти расида ба ОИ «Азия-Плюс» дар ин робита, то кунун ба ҷонибдории пешбарии номзади ҲДТ Саидҷаъфар Исмонов беш аз 196 ҳазор, номзади ҲИИТ Олимҷон Бобоев аллакай беш аз 210 ҳазор, номзади ҲСТ Абдуҳалим Ғаффоров зиёда аз 198 ҳазор ва номзади ҲКТ Исмоил Талбаков беш аз 206 ҳазор имзо ҷамъоварӣ шудааст.

Санаи интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон ба рӯзи 6-уми ноябр таъин шудааст. То имрӯз ҳафт ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон номзадҳои худ ба мансаби президентиро пешбарӣ намуданд.

Аз ҲХДТ, Иттифоқи ҷавонон ва  Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон, аз ҲКТ Исмоил Талбаков, аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ раиси ҳизб Олимҷон Бобоев, аз Ҳизби сотсиалистӣ раиси он Абдуҳалим Ғаффоров, аз Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, аз Ҳизби демократ раиси он Саидҷаъфар Исмонов ва аз Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Ойниҳол Бобоназарова номзад ба мансаби президентӣ дар интихоботи қарибулвуқӯъ пешбарӣ шуданд.

Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон таҳти сарварии Раҳматилло Зойиров рӯи 28-уми сентябр эълом дошт, ки санаи баргузории анҷумани пешазинтихоботишаро аз 6 ба 12-уми октябр гузаронид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...