Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи бимаи (суғуртаи) хатарҳои бахши кишоварзӣ» баррасӣ мешавад; – Дар гурӯҳи «D»-и мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол вохӯрии нахусти дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо соҳибони майдон – […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар Душанбе ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ баргузор мешавад, ки дар он масъалаи таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи қонун «Дар бораи бимаи (суғуртаи) хатарҳои бахши кишоварзӣ» баррасӣ мешавад;

– Дар гурӯҳи «D»-и мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол вохӯрии нахусти дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо соҳибони майдон – тими Эрон баргузор мешавад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и шаҳри Кирмон доир мегардад. Оғози бозӣ соати 19:00 бо вақти Душанбе.



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7684

сомонӣ;


1

евро

– 6.4995

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих



Рӯзи коркунони бахши кишоварзӣ.


1933-2006

– Зодрӯзи нависанда Аминҷон Шукуров.


1935

– Мавлуди доктори улуми филологӣ, профессор Баҳриддин Камолиддинов.


1958

– Зодрӯзи коргардони театр Давлати Убайдулло.


1966-1991

– Мавлуди овозхон Наргис Бандишоева.



Вазъи обуҳаво




Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +33+38, дар доманакӯҳҳо шабона +11+16, рӯзона +30+35.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +11+16, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +22+27.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +31+36, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +26+31.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +6+11, рӯзона +25+30;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +14+19.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +31+33.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +35+37.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +33+35.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +28+30.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ аввалин вазири маорифи Тоҷикистон шӯравӣ буд ва дар саргаҳи таъсиси он қарор дошт.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...