Ба ситоди Бобоназарова ҷамъоварии ҳамагӣ каме беш аз 201 ҳазор имзо муяссар шуд

spot_imgspot_img

Дата:


То соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр ба ситоди номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова муяссар шуд, ки ҳамагӣ 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова хабар дод.

Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз, 10-уми октябр соати 18:00 муҳлати расмии муқарраршуда барои пешниҳоди имзоҳо ба КМИР ба ҷонибдории номзадҳо ба итмом мерасид. Шоми рӯзи панҷшанбе КМИР ба ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова иҷозат дод, ки рӯйхати имзоҳоро то субҳи имрӯз пешниҳод намоянд.

Имрӯз дар ҷамъи журналистон номзад аз ҲНИТ изҳор кард, ки «ҳарчи бошад ҳам, таҳти чунин фишор 210 ҳазору 236 адад имзо ҷамъоварӣ кардан ин худ як комёбӣ аст».

«Ба назарам чунин мерасад, ки дар ин маъракаи пешазинтихоботӣ рақиби ман на Раҳмон, балки тамоми ҳокимияти давлатӣ аст. Ман огаҳ будам, ки ин кори душвор аст, вале фикр намекардам, ки ин қадр монеъаву мушкилӣ эҷод мешавад», – гуфт ӯ.

Тавре Бобоназарова зикр кард, «шурӯъ аз бандномкунии ҲНИТ тавассути телевизионҳои давлатӣ ва сипас то ба дарозо кашидани тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ монеъаҳои зиёд эҷод шуданд ва ҳамаи ин кори ҷамъоварии имзоҳо барои моро хеле мушкил намуд».

Субҳи имрӯз КМИР ҶТ хабар дод, ки ба номзади пешбаришуда аз ҲНИТ муяссар нашуд, ки 210 ҳазор миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ намояд ва ӯ аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Популярное

Похожие материалы

Присоединяйтесь к нам в соцсетях!

Последние новости
Свежее

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 11:00 дар Театри давлатии лӯхтаки шаҳри Душанбе намоиши кӯдаконаи “Гулмоҳӣ” ба саҳна гузошта мешавад. Пеш аз оғози намоиш дар толори...

Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд

Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон рӯзи 12-уми феврал...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ – Имрӯз соати 15:00 Диловар Андалибов, овозхони ҷавони...

Қонуни авф барои як соли дигар тамдид шудааст. Акнун танҳо пулро метавон қонунӣ кард

Мақомоти Тоҷикистон муҳлати маъракаи қонунигардонии воситаҳои пулии шаҳрвандони ҷумҳуриро...

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

“Се зиндонӣ безарар карда шуд”. Додситони кул тирпаронӣ дар боздоштгоҳи Хуҷандро шарҳ дод

Ҳабибулло Воҳидзода, додситони кулли Тоҷикистон тирпаронӣ дар Боздошгоҳи шаҳри...