Ба ситоди Бобоназарова ҷамъоварии ҳамагӣ каме беш аз 201 ҳазор имзо муяссар шуд

То соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр ба ситоди номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова муяссар шуд, ки ҳамагӣ 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова хабар дод. Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз, 10-уми октябр соати 18:00 муҳлати расмии муқарраршуда […]

ASIA-Plus


То соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр ба ситоди номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ аз ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова муяссар шуд, ки ҳамагӣ 201 ҳазору 236 имзо ҷамъоварӣ намояд. Дар ин бора зимни нишасти хабарӣ номзади пешбаришуда ба мансаби президентӣ Ойниҳол Бобоназарова хабар дод.

Тавре хабар дода шуда буд, дирӯз, 10-уми октябр соати 18:00 муҳлати расмии муқарраршуда барои пешниҳоди имзоҳо ба КМИР ба ҷонибдории номзадҳо ба итмом мерасид. Шоми рӯзи панҷшанбе КМИР ба ситоди пешазинтихоботии Бобоназарова иҷозат дод, ки рӯйхати имзоҳоро то субҳи имрӯз пешниҳод намоянд.

Имрӯз дар ҷамъи журналистон номзад аз ҲНИТ изҳор кард, ки «ҳарчи бошад ҳам, таҳти чунин фишор 210 ҳазору 236 адад имзо ҷамъоварӣ кардан ин худ як комёбӣ аст».

«Ба назарам чунин мерасад, ки дар ин маъракаи пешазинтихоботӣ рақиби ман на Раҳмон, балки тамоми ҳокимияти давлатӣ аст. Ман огаҳ будам, ки ин кори душвор аст, вале фикр намекардам, ки ин қадр монеъаву мушкилӣ эҷод мешавад», – гуфт ӯ.

Тавре Бобоназарова зикр кард, «шурӯъ аз бандномкунии ҲНИТ тавассути телевизионҳои давлатӣ ва сипас то ба дарозо кашидани тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ монеъаҳои зиёд эҷод шуданд ва ҳамаи ин кори ҷамъоварии имзоҳо барои моро хеле мушкил намуд».

Субҳи имрӯз КМИР ҶТ хабар дод, ки ба номзади пешбаришуда аз ҲНИТ муяссар нашуд, ки 210 ҳазор миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ намояд ва ӯ аз маъракаи пешазинтихоботӣ хориҷ карда мешавад.

Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Миёни онҳо метавон аз ширкатҳое чун J.P. Morgan, Loomis Sayles & Company, Morgan Stanley Investment Management ва Global Evolution ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...