Номзади аз маъракаи интихобот хориҷшудаи ҲНИТ Ойниҳол Бобоназарова имрӯз дар ҷамъи журналистон изҳор намуд, ки дар интихобот танҳо ӯ метавонист рақиби воқеии президенти амалкунанда Эмомалӣ Раҳмон шавад.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барномаи пешазинтихоботии ҳамаи 6 номзади дигарро омӯхта, ба хулосае расидааст, ки «онҳо бо Раҳмон ҳама дар як дастаанд».
Зимни нишасти хабарӣ Маҳмадалии Ҳайит, роҳбари ситоди пешазинтихоботии О.Бобоназарова хабар дод, ки то соати 18:00-и рӯзи 10-уми октябр ба онҳо муяссар шудааст, ки 201 ҳазору 236 адад имзои интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намоянд.
«Имрӯз натиҷа чӣ гунае набошад, он ба 1 миллион баробар аст, зеро бо назардошти он ҳама фишору монеъа нисбати гурӯҳҳои ташаббускор аз ҷониби сохторҳои давлатӣ, муяясар шуд, ки 201 ҳазору 236 адад имзо ҷамъоварӣ намоем, ки ин худ як дастоварди бузург аст», – иброз дошт Бобоназарова.
Ба қавли номзад, онҳо 5% аз шумори умумии интихобкунандагонро ҷамъоварӣ намудаанд, зеро шаҳрвандони дорои ҳуқуқи имзо 4 млн. 20 ҳазор нафарро ташкил дода, ин шумор бо назардошти ноболиғон ва шаҳрвандони тоҷики муқими хориҷи кишвар, аз ҷумла муҳоҷирони корӣ зикр гардидааст, вале онҳоро аз ҳуқуқи интихоботӣ маҳрум сохтанд. «Аз ин бармеояд, ки мо миқдори зарурии имзоҳоро ҷамъоварӣ намудем, вале бо чӣ сабабе КМИР изҳор дошт, ки шумори имзоҳо бояд 210 ҳазор ададро ташкил диҳад», – шарҳ дод Бобоназарова.
«Ба гумонам, дар ин маъракаи пешазинтихоботӣ рақиби ман на Раҳмон, балки тамоми ҳокимияти давлатӣ аст. Ман огаҳ будам, ки ин кори душвор аст, вале фикр намекардам, ки ин қадр монеъаву мушкилӣ эҷод мешавад. Шурӯъ аз бандномкунии ҲНИТ тавассути телевизионҳои давлатӣ ва сипас то ба дарозо кашидани тасдиқи варақаҳои ҷамъоварии имзоҳо аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ монеъаҳои зиёд эҷод шуданд ва ҳамаи ин кори ҷамъоварии имзоҳо барои моро хеле мушкил намуд», – таъкид дошт номзади ҲНИТ.
Ба саволи журналистон оид ба идомаи мубориза дар сурати аз ҷониби КМИР ба қайд гирифтани номзадиаш бо ҳамин шумори имзоҳо, номбурда изҳор намуд, ки ӯ ба ҳеҷ гунае аз ин иқдоми КМИР истиқбол нахоҳад кард.
«Ман танҳо ҳаминро гуфта метавонам, ки ин раванди мушкил қолибҳоро шикаст. Пешбарии номзадии зан аз ҳизбе чун ҲНИТ барои бисёр касон ҳамчун андешаи ивазнашаванда будани Раҳмон ғайривоқеӣ менамуд. Ин қадамаи аввале буд, ки ба мавҷудияти беш аз 201 ҳазор нафари ҷасуру омода ба тағйирот гувоҳӣ дод, зеро мо маълумоте дар даст дорем, ки бозгӯи фишори равонӣ болои одамон аз ҷониби баъзе сохтори давлатӣ мебошанд, то ки онҳо бо имзояшон минбаъд мавриди назорати ин сохторҳо қарор нагиранд», – изҳор намуд Бобоназарова.
Ӯ мутмаин аст, ки ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо исбот кард, ки «ҳукумати кунунӣ аз рақибон ҳарос дорад, зеро аллакай дар ин марҳила бозиҳои ифлос оғоз шуданд». «Эмомалӣ Раҳмон таъмини интихоботи шаффофро ваъда карда, вале ба ваъдааш вафо накард», – зикр кард Бобоназарова.
Дар робита ба арзёбии муттаҳидии нерӯҳои мухолиф ва фаъолият гурӯҳҳои ташаббускор дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо Бобоназарова зикр кард, ки мушкилии асосӣ ба дӯши ҲНИТ вогузор гардида, дар ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо инчунин аъзои ҲСДТ ва фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳм гузоштанд.
«Аввал ман мутмаин будам, ки мо ҳатто 350 ҳазор имзо ҷамъоварӣ карда метаванем, вале бо мушоҳида аз эҷоди монеъаҳои сунъӣ дар ҷараёни кор умедамро аз даст додам ва ба ҳамаи шахсоне, ки ба ҷонибдории ман имзо ҷамъоварӣ намуданду имзо гузоштанд, изҳори миннатдорӣ мекунам», – афзуд Бобоназарова.
Ҷаласаи навбатии Иттиҳоди нерӯҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон (ИНИТ) рӯзи 14-уми октябр баргузор шуда, дар он ҷараёни ҷамъоварии имзоҳо таҳлилу баррасӣ ва фаъолияти минбаъдаи иттиҳод муайян карда мешавад.
Ҳамин тариқ, айни замон аз 7 номзади пешбаришудаи аҳзоб ба мақоми президенти Тоҷикистон 6 нафар ба қайд гирифта шуданд. Инҳо президенти амалкунандаи ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҳизби аграрӣ академик Толиббек Бухориев, раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ Олимҷон Бобоев, муовини раиси Ҳизби коммунист Исмоил Талбаков, раиси Ҳизби сотсиалистӣ Абдуҳалим Ғаффоров ва раиси Ҳизби демократии Тоҷикистон Саидҷаъфар Исмонов мебошанд.



