Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Дар қароргоҳи ҲСДТ анҷумани Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10:00; – Оғози Рӯзҳои кинои Русия дар Душанбе. Маросими расмии ифтитоҳ дар Хонаи кино (кинотеатри «Зебуннисо») соати 11:00 оғоз мегардад; – Дар гурӯҳи «D»-и мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол вохӯрии охирини дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Лубнон баргузор […]

ASIA-Plus



Анонс

– Дар қароргоҳи ҲСДТ анҷумани Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон доир мегардад. Оғоз соати 10:00;

– Оғози Рӯзҳои кинои Русия дар Душанбе. Маросими расмии ифтитоҳ дар Хонаи кино (кинотеатри «Зебуннисо») соати 11:00 оғоз мегардад;

– Дар гурӯҳи «D»-и мусобиқоти даври интихобии Чемпионати Осиё оид ба футбол вохӯрии охирини дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бо тими Лубнон баргузор мешавад. Бозӣ дар варзишгоҳи «Шаҳид Баҳонар»-и шаҳри Кирмон доир мегардад. Оғози бозӣ соати 14:30 бо вақти Душанбе;

– Дар меҳмонхонаи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе таҳти сарпарастии Федератсияи байнулмилалии шоҳмот (ФИДЕ) маросими ифтитоҳи мусобиқоти байнулмилалии шоҳмот доир мегардад;



Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА

–  4.7700

сомонӣ;


1

евро

– 6.5021

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.1499

сомонӣ.



Як рӯзи таърих


12 Октябр


1492

– Колумб Амрикоро ифтитоҳ намуд, ҳарчанд гумон мекард, ки ба соҳилҳои Ҳиндустон расидааст.


1933

– Дар Душанбе Боғи ботаникӣ (феълан Боғи Ирам) кушода шуд.


1873-1958

– Зодрӯзи муаррих, академики АИ Тоҷикистон Александр Семёнов.


1902 – 1973

– Мавлуди нависандаи русзабони Тоҷикистон, муаллифи китоби «Нисо» Павел Лукницкий.


1912-1975

– Зодрӯзи оҳангсоз Михаил Муравен.


1922

– Мавлуди доктори улуми таърих Ҳамид Гадоев.


1944

– Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ Ғиёсиддин Мироҷев.


1953-2007

– Мавлуди оҳангсоз Талабхӯҷа Сатторов.


1954-2000

– Зодрӯзи нависанда Искандари Хатлонӣ.


13 Октябр

Рӯзи кормандони мақомоти адлия ва суд


1910-1974

– Зодрӯзи актёри театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Мирбобо Зиёев.


1923

– Мавлуди актрисаи театр, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хайрӣ Назарова.


1947

– Зодрӯзи овозхон, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Парда Қосимов.



Вазъи обуҳаво


12 Октябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +10+15.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +23+25.


13 Октябр


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +18+23.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +16+21.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +1+6, рӯзона +18+23.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои


тағйирёбанда,


бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +20+25;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +11+16.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Кӯлоб

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +21+23.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.