Тоҷикистон оид ба интиқоли газ дар соли 2014 бо Ӯзбекистон гуфтушунид карданист

Ахири моҳи октябр корхонаи «Тоҷиктрансгаз» ба гуфтушунидҳо бо корхонаи «Ӯзбекнефтегаз» дар бораи воридоти гази табиӣ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон барои соли 2014 оғоз мебахшад. Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, гуфтушунидҳо таври хаттӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар сурат мегиранд. «Дар ҳама гуна ҳолат, ахири моҳи декабри соли ҷорӣ […]

Заррина Эргашева


Ахири моҳи октябр корхонаи «Тоҷиктрансгаз» ба гуфтушунидҳо бо корхонаи «Ӯзбекнефтегаз» дар бораи воридоти гази табиӣ аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон барои соли 2014 оғоз мебахшад.

Тавре як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, гуфтушунидҳо таври хаттӣ миёни Вазоратҳои корҳои хориҷии ҳарду кишвар сурат мегиранд.

«Дар ҳама гуна ҳолат, ахири моҳи декабри соли ҷорӣ тасмими Ӯзбекистон дар ин хусус возеҳ мегардад ва аз чигунагии посухи кишвари ҳамсояи мо тахмин зада наметавонем, вале ба ҳар ҳол, як кӯшише ба харҷ додан зарур аст. Имрӯз фаъолияти зербинои тақисмоти газ аз ҷониби мутахассисони «Тоҷиктрансгаз» коршоям нигоҳ дошта шуда, ба оғози интиқоли газ аз кишвари ҳамсоя омода хоҳад буд», – гуфтанд дар ҳукумат.

Дар ҳукумати Тоҷикистон бештар ба оғози истихроҷи газ аз конҳои дохилӣ умедворанд, ки дар яке аз конҳо – майдони Сариқамиш аз ҷониби ширкати русиягии «Газпром» корҳои геологии кашфу истихроҷ роҳандозӣ шудаанд.

Ёдрас мекунем, ки бинобар сабаби ба охир расидани муҳлати шартномаи соли 2012, шурӯъ аз 31-уми декабри соли гузашта Ӯзбекистон интиқоли гази табиӣ ба Тоҷикистонро қатъ намуда, аз гуфтушунидҳо дар давоми соли 2013 ҳеҷ натиҷае ҳосил нашуд. Кишвари ҳамсоя оид ба интиқоли ҳаҷми муайяни газ ба Чин ӯҳдадор буда, дар ин хусус соли гузашта зимни имзои қарордод хабар дода буд.

Бино ба маълумоти «Тоҷиктрансгаз», соли гузашта ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон 132,4 млн. метри мукааб гази табиӣ ворид шуд, ки нисбат ба соли 2011 ба миқдори 46,6 млн. метри мукааб камтар аст. Арзиши он 300 $ барои 1 ҳазор метри мукаабро ташкил дод.

Мувофиқи қарордод, соли 2012 Тоҷикистон аз Ӯзбекистон бояд 145 млн. метри мукааб газ дастрас мекард. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми умумии гази воридшуда ба Тоҷикистон аз кишвари ҳамсоя дар соли 2012, ба истихроҷи шабонарӯзии гази табиӣ дар Ӯзбекистон баробар аст.

Қобили зикр аст, ки гази табиии аз Ӯзбекистон воридшуда асосан дар корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ истифода шуда, бинобар сабаби гаронӣ, таъмини аҳолӣ бо он қатъ гардида буд. Истеъмолгарони асосии гази табиии Ӯзбекистон корхонаҳои бузурги саноатии кишвар – Ширкати алюминии Тоҷикистон (ТАЛКО) ва «Тоҷиксемент» мебошанд. Қатъи интиқоли гази табиӣ аз кишвари ҳамсоя ба коҳищи ҳаҷми истеҳсоли алюминий ва семент дар Тоҷикистон боис гардид. Барои раҳоӣ ёфтан аз чунин вазъ ин корхонаҳо таҷҳизоти истифодаи ангишт ба сифати сӯзишворӣ дар корхонаҳоро насб карданд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.