Сайёҳони пиёдаи хатлонӣ бори навбатӣ кӯмак дархост доранд

Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати ҳудуди 5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, муддати ду рӯз аст, ки бидуни раводид ва ғизову сарпаноҳ дар минтақаи бетарафи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ қарор доранд. Шоми дирӯз Азиз Раҷабов […]

Турко Дикаев


Сайёҳони пиёдаи тоҷик аз вилояти Хатлон Азиз Раҷабови 65-сола маъруф ба «Ҳоҷӣ-пиёда» ва ҳамсафари ӯ Раҷабалӣ Сулаймонови 51-сола, ки аллакай муддати ҳудуди 5 моҳ дар қораи Осиё саёҳат доранд, муддати ду рӯз аст, ки бидуни раводид ва ғизову сарпаноҳ дар минтақаи бетарафи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ қарор доранд.

Шоми дирӯз Азиз Раҷабов тавассути телефон ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, ки лозим омадааст, аз Абу-Даби (яке аз амаоратҳои АМА) бадар шаванд, зеро муҳлати раводид ба итмом расида, ба қаламрави Арабистони Саъудӣ бидуни раводид ворид шудан манъ аст.

«Мо дар посгоҳи марзӣ қарор дошта, ин ҷо манзилу ошхона вуҷуд надорад ва рӯзона як сокини Сурия моро бо ғизо таъмин карда, маҷбурем, ки дар ҳарорати 43 дараҷа гарм шабро рӯи замин рӯз кунем», – мегӯяд ӯ.

Ба қавли Раҷабов, ноиби консули Консулгарии генералии Тоҷикистон дар АМА Юсуф Бобокалонов ҳанӯз дар Абу-Даби онҳоро огоҳ намуда будааст, ки ба мактуби консулгарӣ дар бораи кӯмак бо раводид аз Арабистони Саъудӣ посухи манфӣ гирифтаанд. «Бо 10 ҳазор $ имкони дастрасии ду раводид ба Арабистони Саъудӣ мавҷуд буд, лекин мабалғи мо барои 2 нафар ҳамагӣ 1000 $ боқӣ монд», – иброз дошт номбурда.

Барои дастгирии иттилоотӣ Азиз Раҷабов ба ОИ «Азия-Плюс» изҳори миннатдорӣ намуда, хоҳиш намуд, ки дархосташро боз як маротибаи дигар интишор намоем, «шояд ногаҳон аз он ВКХ ва вазир Ҳамрохон Зарифӣ огаҳ шаванд».

Ёдрас мекунем, ки сафари ин сайёҳон 15-уми майи соли ҷорӣ бо зиёрати оромгоҳи файласуф ва шоир Мирсаид Алии Ҳамадонӣ аз Кӯлоб оғоз гардида, сипас онҳо пиёда бо хатсайри Кӯлоб-Душанбе – Қӯрғонтеппа – Панҷи Поён – Шерхон Бандар (Афғонистон) – Покистан – Ҳиндустон – Шри-Ланка ба сафар идома доданд. Ба барномаи сафар акнун ҳаҷҷи пиёда низ ворид гардид, ки ба мушкилоти зиёд боис гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.