Ҳукуқшиносон баҳри кӯмак ба наваскарони осебдида аз садамаи қатора омодаанд

Як гурӯҳи коршиносон омодаанд, ки ба хизматчиёни ҳарбии аз садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд дар Ӯзбекистон осебдида кӯмак кунанд. Дар иттилоияи имрӯз интишоргардидаи ин гурӯҳ зикр мешавад, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши низомӣ, аз замони оғози хизмати ҳарбӣ, яъне аз замони ҳозир шудан ба комисариати ҳарбӣ барои фиристодан ба хизмати ҳарбӣ шаҳрванд мақоми хизматчии ҳарбиро соҳиб […]

ASIA-Plus


Як гурӯҳи коршиносон омодаанд, ки ба хизматчиёни ҳарбии аз

садамаи қатораи Душанбе-Хуҷанд дар Ӯзбекистон

осебдида кӯмак кунанд.

Дар иттилоияи имрӯз интишоргардидаи ин гурӯҳ зикр мешавад, ки мутобиқи қонунгузории Тоҷикистон дар бахши низомӣ, аз замони оғози хизмати ҳарбӣ, яъне аз замони ҳозир шудан ба комисариати ҳарбӣ барои фиристодан ба хизмати ҳарбӣ шаҳрванд мақоми хизматчии ҳарбиро соҳиб шуда, ин наваскарон дар қатора ҳузурдошта мақоми хизматчии ҳарбиро доранд.

Дар иттилоия таъкид мегардад, ки агар ин наваскарон бар асари ҷароҳати бардошта пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбӣ рухсатӣ шаванд, пас ба ҷуброни зарар – кӯмакпулии якдаъаина низ ҳуқуқ пайдо мекунанд, ки айни замон беш аз 1,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар иттилоия гуфта мешавад, дар сурати ҷароҳати вазнин бардоштан ё маъюбӣ дар ин садама, ин наваскарон бояд рухсатии пеш аз муҳлат аз хизмати ҳарбиро талаб намоянд. «Дар ин ҳолатҳо мо, гурӯҳи ҳуқуқшиносоне, ки дар расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо аз таҷрибаи ғанӣ бархӯрдорем, ба расонидани кӯмаки ройгони ҳуқуқӣ ба онҳо омодаем», – омадааст дар иттилоия.

Ҳамчунин рақами телефонҳо барои тамос зикр шудааст, ки чунинанд: +992 92 815 16 46, +992 92 815 01 75, +922 92 880 64 16.  

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.