Ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии Эмомалӣ Раҳмон дар Душанбе

Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров  ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби презденти ҶТ аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа дар радифи дигар масоил, ҳамзамон ба  шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҲХДТ  шаҳодатномаҳо супорида шуд. Ҳамзамон,  муовини Раиси […]

ASIA-Plus


Имрӯз таҳти роҳбарии муовини якуми раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Сафар Сафаров  ҷаласаи ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби презденти ҶТ аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.

Бино ба иттилои сомонаи расмии ҲХДТ, дар ҷаласа дар радифи дигар масоил, ҳамзамон ба  шахсони боэътимоди номзад ба мансаби Президенти ҶТ аз ҲХДТ  шаҳодатномаҳо супорида шуд. Ҳамзамон,  муовини Раиси ҲХДТ  Асрор Латипов вобаста ба самтҳои минбаъдаи  фаъолияти шахсони боэътимоди номзад ибрози ақида намуд.

Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қонунгузории ҷумҳурӣ, ҳар як номзади расман ба мансаби президентӣ сабтиномшуда ба ҷалби 15 нафар шахсони боэътимод ҳуқуқ дорад.

Шахсони боэътимоди номзади ҲХДТ ба мансаби президентӣ Эмомалӣ Раҳмон муаллифи гимни ҷумҳурӣ, Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Хурсанд Аъзамов, муовини ректори Донигоҳи давлатии Хоруғ Назрӣ Офаридаев, директори мактаби таҳсилоти умумии №3-и ноҳияи Рашт Аъзам Ҳасанов, шоира, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии «Хубони порсигӯ» Меҳринисо Бобобекова, раиси шуъбаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Аҳмадҷони Раҳматзода, директори Пажуҳишгоҳи фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи улуми ҶТ Абдувоҳид Шамолов, профессор Одил Нодиров, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Меҳрубон Мирзоева, муовини ректори ДМТ Ашӯрбой Солиев, директори Маркази исломшиносии назди президенти ҶТ Муродулло Давлатов, дотсенти факултаи рӯзноманигории ДМТ Илҳомҷон Ҳамидов, декани факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ Эмомалӣ Насриддинов ва директори Маркази миллии қонунгузории назди президенти ҶТ, профессор Маҳмад Раҳимов ба қайд гирифта шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.