Эҳтимоли гунаҳкории роҳиоҳанчиёни ӯзбек дар садамаи қатораи Тоҷикистон

Дар садамаи қатораи масири Душанбе-Хуҷанд гунаҳкор будани роҳиоҳанчиёни ӯзбек аз эҳтимол дур нест. Як манбаъ аз мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар қисмати роҳи оҳани ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз ҷониби корхонаи давлатии «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои таъмир анҷом дода мешуданд. «Тоҷикистонро дар […]

ASIA-Plus


Дар садамаи қатораи масири Душанбе-Хуҷанд гунаҳкор будани роҳиоҳанчиёни ӯзбек аз эҳтимол дур нест.

Як манбаъ аз мақомоти раҳбарии КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» чунин ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар қисмати роҳи оҳани ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз ҷониби корхонаи давлатии «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои таъмир анҷом дода мешуданд.

«Тоҷикистонро дар бораи таъмир дар ин қитъаи роҳ ва кандани релсҳо дар он огаҳ накарданд. Комиссияи мо дар ҳамдастӣ бо мутахассисони Вазорати нақлиёт дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, сабабу ҳолатҳои рух додани садамаро таҳқиқ доранд», – гуфтанд дар корхона.

Ба иттилои манбаъ, ин қатора ҳамчун хатсайри доимӣ амал накарда, бо дархости Вазорати мудофиа ба роҳ баромад ва ду рӯз қабл аз сафар бо наваскарону афсарон роҳиоҳанчиёни тоҷик ҳамтоҳои ӯзбеки худро дар бораи замони убури қатора дар қаламрави Ӯзбекистон тавассути телефонограмма огаҳ карда будаанд.

Дар корхона ҳамчунин ёдовар шуданд, ки ҳафтае пеш бо ҳамин тарз тавассути қаламрави Ӯзбекистон қатора бо навасакарон ба шимоли ҷумҳурӣ сафарбар шуда, то нуқтаи таъинот бидуни мушкилие расид, аммо ин дафъа Тоҷикистонро дар бораи корҳои таъмир огаҳ накардаанд, ҳарчанд ҷониби Ӯзбекистон аз ин огоҳ карда шуда будааст.

Ёдрас мекунем, ки соати 09:40 дақиқаи рӯзи 10-уми октябр қатораи масири Душанбе-Хуҷанд дар қаламрави Ӯзбекистон ба садама дучор шуд. Панҷ вагони ин қатора дар ноҳияи Ғаллаарали вилояти Ҷиззахи Ӯзбекистон аз роҳи оҳан берун рафта, сарнагун шуда буд. Шоми дирӯз бо як ҳайати қатора мусофирони қатораи мавриди садама дучоргардида ба ноҳияи Спитамени вилояти Суғд мунтақил гардидаанд, ки 33 нафарашон ҷароҳатбардоштагон будаанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.