Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи равон раиси Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк» Гулнора Ҳасанова бо намояндаи нави доимии Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) дар Тоҷикистон Айдин Биболов мулоқот орост.
Бино ба итттилои расида аз БДА «Амонатбонк», дар ҷараёни мулоқот масоили умумии марбут ба вазъи иқтисод дар ҷумҳурӣ ва тарзҳои роҳандозии хизматгузориҳои муосири бонкӣ дар вазъи кунунӣ, дурнамои рушди онҳо ва вижагиҳои фаъолияти бонк ҳамчун агенти давлатӣ баррасӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ба вазъи бозори асъори Тоҷикистон, танзими гардиши асъори хориҷӣ ва афзалиятнокии асъори миллӣ миёни аҳолии кишвар зимни дастрас кардани хизматгузориҳои бонкӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Гуфта мешавад, дар вохӯрӣ атрофи масоили марҳилаҳои асосии ҳамкории минбаъдаи мутақобилаи БДА «Амонатбонк» ва ХБА табодули назар сурат гирифт.



